Ёдат ба хайр, Бахтинисо!

Ёдат ба хайр, Бахтинисо!

Рӯзи 20-уми июни соли ҷорӣ риштаи умри ординатори клиникии кафедраи эпидемиология Шаймонова Бахтинисо ба таври ногаҳонӣ канда шуд. Б. Шаймонова баъди хатми мактаби таҳсилоти умумӣ соли 2011 бафакултети НТҶ –и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 2017 онро бо дипломи аъло хатм намуда буд. Бахтинисо орзуҳои зиёдро бо худ ба хок бурд.

Ӯ дар таҳсили илм бисёр ҳам нисбат ба худ серталаб буд. Орзу дошт, ки баъди ҳаматарафа аз худ намудани нозукиҳои касби интихобкардааш ҳамчун эпидемиолог ба хизмати халқу Ватан пардозад. Ин буд, ки Бахтинисо Шаймонова бо ҳавсалаи тамом ва талошҳои ҷиддӣ пайи омӯхтани илм гашта буд. Устодонаш дар симои Бахтинисо як мутахассиси соҳибистеъдоду болаёқати ояндаро пешбинӣ мекарданд. Сад дареғ, ки роҳи пешгирифтаи ин духтари фаъолу донишманд нотамом монд ва ӯ дар айни камолоти ҷавонӣ ин дунёи фониро падруд гуфт. Хотираи неки Бахтинисо Шаймонова дар дили дӯстону ҳамсабақон ва устодонаш ба таври абадӣ боқи хоҳад монд.

Раёсат ва созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ нисбати марги нобаҳангоми Бахтинисо Шаймонова изҳори тасаллият намуда, ба наздикону пайвандони марҳум аз даргоҳи Илоҳӣ сабри ҷамил хоҳонанд.

Рафтиву зи рафтанат замон ғамгин аст,

Пар – пар задани парандагон ғамгин аст.

Беғам набувад диле, агар гил набувад,

Ғам низ зи марги ногаҳон ғамгин аст.


23.06.2019     149