Савганди Пешвои ман савганди ман бувад!

Савганди Пешвои ман савганди ман бувад!

30-юми октябри соли ҷорӣ яке аз санаҳои муҳим дар таърихи Тоҷикистони азизамон барои ҳафт соли оянда ба ҳисоб маравад, яъне рӯзест, ки Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигарбора савганди садоқат ба миллату ватанро ёд намуданд.

Раванди баргузории ин чорабинии муҳими сиёсиро устодону шогирдони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба таври дастаҷамъона тамошо намуданд. Аз ҷумла, дар толори пазироии  Маркази “Стоматология” донишҷӯёни курси 2, гурӯҳҳои 6, 7 ва 8 факултаи стоматология дар ҳамҷоягӣ бо устодон пахши мустақими ин маросим бошукӯҳро тамошо карданд.

Устодону донишҷӯёни донишгоҳ ин чорабинии муҳимро нишондиҳандаи сулҳу суботи пойдор, волоияти қонун ва якдилию ҳамоҳангии миллӣ дониста, бо рўҳияи баланди шаҳрвандӣ ва ифтихор аз интихоби арзандаи худ ба мавқеи устувори Сарвари давлат дар таҳкими решаҳои давлатдории миллӣ ва дастгирии занону ҷавонон бо мавҷи пурифтихор кафкўбӣ намуданд. Бо шоҳид шудан аз раванди супоридани нишони президентӣ дар Қасри миллат ба муҳтарам Президент, савгандёдкунӣ ва  суханронии Пешвои миллат, гузашти низомии афсарону аскарони қушунҳои ҳарбию низомӣ ва дигар чорабиниҳо ин тантанаҳои идонаро нишондиҳандаи рушди устувори ҷомеа донистанд.

Дар интиҳо тамоми кормандон, устодону шогирдон бо иродатмандии комил бори дигар ҷонибдории худро аз сиёсатҳои бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат эълон намуда, интихоби арзандаи худро кафили рушди бо низоми Ҷумҳурии Тоҷикистон донистанд.

Таибов С.А.-сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Турсунова З.Г.- мутахассиси шуъба



2
3
1
31.10.2020 193