САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ ТОҶИКОН

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ ТОҶИКОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикиашон ба ифтихори Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 сентябри соли 2019 таъкид дошта буданд: «Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушояд… Тайи даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт».

Дар ҳақиқат ҳам, дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар самти рушди миллат, ҳувияти он, миллатсозӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ бо сарварии Пешвои миллат тадбирҳои зиёде андешида шуда, миллати куҳанбунёди тоҷик ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид ва ба ин васила мақоми худро дар байни миллатҳои дигари олам хеле устувор сохт. Вале қабл аз он, ки аз ин дастовардҳои бесобиқа сухан гӯем, мехостем аз якчанд масъалаи дар ин робита муҳим, ки бештар хусусияти илмӣ-назариявӣ доранд, ҳамчун муқаддима ёдовар шавем.

Пеш аз ҳама зикр кардани чанд ақидае оид ба моҳияти мафҳуми миллат муҳим аст. Таърифи миллат, ки ҳангоми омӯзиши курси фалсафа ва ё фанҳои дигари ҷомеашиносӣ пешниҳод мешавад, ба ҳамагон маълум аст: «Миллат ин умумияти таърихан шаклгирифта ва устувори одамон аст, ки дар заминаи умумияти забон, ҳудуд, ҳаёти иқтисодӣ ва хусусиятҳои равонӣ, ки дар умумияти фарҳанг зуҳур мекунад, ба вуҷуд омадааст». Ногуфта намонад, ки ин таъриф ба қалами И.В. Сталин (1878-1953) тааллуқ дошта, дар китоби ӯ бо номи «Марксизм ва масъалаи миллӣ» оварда шудааст. Аз ҷониби дигар, ин муаллиф зикр намудааст, ки танҳо мавҷудияти ҳамаи нишонаҳои дар ин таъриф овардашуда дар якҷоягӣ бо ҳамдигар миллатро ташкил медиҳад.

Дар маҷмуъ бошад, мафҳуми миллатро зодаи асри XVIII дар илми Аврупо медонанд. Аз ин рӯ донишмандони ин минтақа таърифҳои зиёди мафҳуми миллатро пешниҳод сохтаанд, ки ба дуто аз онҳо муроҷиат мекунем. Аз ҷумла, сиёсатшинос ва сотсиологи британиягӣ Бенедикт Ричард Андерсон (1936-2015) дар китоби худ «Ҷомеаҳои тахайюлшаванда»  чунин тафсирро овардааст: «Миллат ин ҷомеаи сиёсии тахайюлшаванда аст». Дар ин таъриф тахайюлшаванда ба маънии он аст, ки тимсол ё образи умумияти этникӣ дар шуури ҳар як намояндаи ин миллат вуҷуд дорад ё аз ҷониби онҳо ин умумият тасаввуру тахайюл карда мешавад.

Донишманди дигаре аз Британия – Эрик Хобсбаум (19172012), ки ба омӯзиши таърих аз нигоҳи марксистӣ машғул буд, дар асари худ «Миллатҳо ва миллатпарастӣ баъди соли 1780» аз овардан ё ҷонибдорӣ кардани таърифи мушаххаси мафҳуми миллат худдорӣ карда, қайд мекунад, ки ҳар гуна ҷомеаи хеле бузурги одамон метавонад, ки худро ҳамчун миллат дарк кунад. Аз ин таърифи Эрик Хобсбаум ва ҳамчунин мавқеи Бенедикт Андерсон оид ба миллат бармеояд, ки ин донишмандон бештар ба омилҳои субъективии муайянкунадаи миллат дар шакли тахайюл ва идрок дар шуури одамон таваҷҷуҳ доранд, на ба омилҳои объективию моддие, ки барои ташаккули миллатҳо хидмат мекунанд.

Оид ба таърифи мафҳуми миллат сухан ронда, зикр бояд кард, ки дар солҳои охир ба нишонаҳои асосии миллат, ки маъмулан ҳамагон аз онҳо ёд мекунанд, яъне умумияти забон, ҳудуд, ҳаёти иқтисодӣ ва хусусиятҳои равонӣ, мутахассисону коршиносон нишонаҳои дигареро низ зам намудаанд, ки ҳам ҷанбаи сиёсӣ ва ҳам иҷтимоию фарҳангии ин мафҳумро фаро мегиранд. Аз ин рӯ, ҳамаи ин тафсиру таърифҳоро ҷамъбаст намуда, метавон чунин фаҳмиши васеи моҳияти мафҳуми миллатро пешниҳод намуд, ки аз чор нишонаи асосӣ каме зиёдтарро фаро гирифта, онҳоро мутахассисони муосири соҳа, хусусан нишонаҳои ба мактаб ва воситаҳои ахбори омма ва ҳувияту худшиносӣ марбутро, барои муайянсозии вазъи миллатҳо дар ҷаҳони имрӯза пешниҳод сохтаанд: миллат ин иттиҳоди таърихан шаклгирифта ва устувори  гуруҳи одамон дар асоси умумияти ҳудуди ҷуғрофӣ, ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, забони адабӣ, хусусиятҳои равонӣ (дин, ахлоқ, шуури ҳуқуқӣ, илму фалсафа, санъату адабиёт, урфу одат, ҳувият ва худшиносии этникӣ), меъёрҳои таҳсилот ва воситаҳои ахбори омма мебошад.

Чунонки маълум аст, ташаккули ҳар як миллат марҳилаи дурударози таърихиро тай намудааст, вале дар ин зимн, тибқи назарияҳои мавҷуда, гузариш аз оила ба қавм, баъдан ба қабила ва бародарқабилаҳо (фратрия), ба халқият ва дар ниҳояти кор, ба миллат ба ҳар яке аз онҳо хос аст. Аз ин рӯ миллатро дар илм шакли олии рушди умумияти этникӣ меҳисобанд.

Мутахассисони ҷомеашинос дар бораи муҳлатҳои ташаккули комили миллат низ аз мавқеъҳои гуногун пайгирӣ мекунанд. Аз ҷумла, баъзеҳо дар ақидаанд, ки, масалан, ба Чингизхон (1155/1162-1227) муяссар гаштааст, ки дар муҳлати панҷ сол миллат ва давлати миллии муғулҳоро бунёд созад, ҳол он, ки оид ба миллат дар он даврон сухан гуфтан барвақттар аст. Шояд инҷо аз ташаккули халқият ва ё дақиқтараш, аз ташаккули урдӯи ягонаву муттаҳиди этникӣ сухан гуфтан ба воқеият наздиктар бошад. Ба роҳбарияти давлати собиқи шӯравӣ бошад, ба андешаи як қатор донишмандони дигари соҳа, муяссар гашт, ки дар муҳлати сӣ сол миллатҳои асосии аъзои Иттиҳоди Шӯравиро ташаккул диҳад. Вале ҳастанд мутахассисоне низ, ки дар сурати мавҷудияти заминаҳое чун халқият, ғояи миллӣ, ватандӯстию миллатхоҳӣ ва омилҳои дигар ташаккул ёфтани миллатро тӯли солиён ва ҳатто асрҳои дароз имконпазир шумурдаанд. Дар ҳар сурат таъкид бояд намуд, ки миллатҳо аз нигоҳи замонӣ ба таври мухталиф ташаккул меёбанд ва аз ҷониби дигар, миллат ҳамчун мафҳум ва зуҳуроти иҷтимоӣ шахшуда набуда, тағйирпазир аст.

Бояд тазаккур дод, ки масъалаи дигари муҳим дар самти баррасии масъалаҳои миллатсозӣ робитаи миллат бо давлати миллӣ мебошад, зеро онҳо чун қоида тавъам бо ҳамдигар арзи вуҷуд мекунанд. Бо ҳамин сабаб, бояд ба эътибор гирифт, ки миллат ҳамчун мафҳуми таърихӣ нисбат ба мафҳуми сиёсиаш васеътар мебошад, зеро намояндагони ҳамон як миллат метавонанд дар марзҳои гуногуни сиёсӣ сукунат дошта бошанд. Худи мафҳуми давлати миллӣ бошад, чунин навъи давлат шумурда шудааст, ки аз ҷониби ягон миллат дар заминаи ҳудуди этникӣ ташкил шуда, бо худ истиқлоли сиёсӣ, соҳибихтиёрӣ ва мустақилии ин халқро таҷассум менамояд. Аввалин давлатҳои миллӣ дар Аврупо ибтидо аз асри XVIII пайдо шуда, дар онҳо ҳудуди сиёсӣ ва этникӣ тахминан бо ҳам рост меомаданд. Аз ин ҷост, ки шиори «як миллат – як давлат» ҳанӯз аз замони инқилоби фаронсавӣ (1792) тарғибу ташвиқ мегардид.

Чун сухан аз рушди миллат ва вобаста ба ин оид ба ташаккули давлатдории миллӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон меравад, доир ба ташаккули миллати тоҷик ва давлати миллии он чанд ҳодисаи муҳимми таърихиро бояд ёдовар шуд.

Аввалан, халқи мо таърихи хеле тӯлонӣ дошта, қисмати асосии он дар ҳайати чунин давлатҳое аз Пешдодиёну Каёниён (ҳазорсолаи V то II пеш аз милод) ва Бохтару Суғд дар даврони қадим сар карда, то Аморати Бухоро (то соли 1918) дар охирҳои асрҳои миёна ва Тоҷикистони шӯравию (1924-1991) Тоҷикистони соҳибистиқлол (1991 то имрӯз) гузаштааст. Ба ибораи дигар,  миллати тоҷик таҷрибаи қадима ва ғании давлатдории худро доро аст.

Сониян, худи вожаи тоҷик ҳанӯз аз асри якуми мелодӣ бо шаклу талаффузҳои гуногун маълум буда, барои ифодаи тамоми халқҳои ориёинажоди минтақаҳои муосири Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрон ба кор мерафт. Ин нишон медиҳад, ки заминаҳо барои ташаккули халқият ва баъдан миллати тоҷик ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим вуҷуд доштанд.

Сеюм, ташаккули тоҷикон ҳамчун халқ дар асрҳои IХ-Х анҷом ёфтааст, ки минбаъд пояи муҳимтарине барои пайдоиши ин миллат гардид.

Чорум, ба ҳайси давлатдориҳои нахустини сирф миллии тоҷикӣ давлатҳои Тоҳириён (821-873), Саффориён (861-900), хусусан Сомониён (819-999), Ғуриён (1150-1215) ва ғайра шинохта шудаанд, ки бояд таҷрибаи онҳо дар эҳё ва рушди миллату давлатдории миллӣ дар замони муосир ҳатман ба эътибор гирифта шавад.

Панҷум, ҳамчун миллати соҳибдавлат дар замони нав таърихи тоҷикон бо РАСС Тоҷикистон дар ҳайати РСС ӯзбекистон (1924-1929) ва РСС Тоҷикистон (1929-1991) пайваста буда, даврони ташаккули ниҳоии тоҷикон ҳамчун миллат (аз нигоҳи илми аврупомарказӣ) ба шумор меравад.

Ва ниҳоят, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 комилан соҳибистиқлол гардид, ки барои миллати тоҷик дар самти эҳёи давлатдории миллӣ ва рушди худи миллат имконоти фарохеро фароҳам сохт.

Ба ҳамин тариқ, тоҷикон ҳамчун халқият дар асрҳои IХ-Х ва ҳамчун миллат асосан дар ибтидои асри ХХ ташаккул ёфта, ибтидо аз соли 1924 аз нав соҳиби давлати миллӣ гардиданд. Вале давлатдории тоҷикон то соли 1991, то лаҳзаи бадастории Истиқлоли давлатӣ, шаклан миллӣ бошад ҳам, аз ҷиҳати муҳтаво сотсиалистӣ ва аз лиҳози соҳибихтиёрӣ ниммустақил буд ва аз истиқлоли комили миллию давлатӣ бархӯрдор набуд. Бо ҳамин сабаб танҳо 9 сентябри соли 1991-умро метавон ибтидои эҳёи давлатдории миллӣ дар замони нав ҳисоб кард ва аз рушди ҳамаҷонибаи миллат низ танҳо аз ҳамин даврон сухан рондан имкон дорад.

Чунонки дар ибтидои сухан зикр кардем, бо таъкидҳои Пешвои муаззами миллат танҳо Истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам овард, ки халқи тоҷик ихтиёри давлатдориро ба дасти худ бигирад. Бо ҳамин сабаб равандҳои миллатсозӣ ва бунёди давлатдории миллӣ дар ин даврон тавъам бо ҳам сурат гирифта, дар зарфи тахминан сӣ сол дигаргуниҳои куллие дар ин самт ба вуқуъ пайвастанд. Барои айёният мехостем, ки эҳё, ташаккул ва рушди нишонаҳои асосии миллатро тибқи таърифи васеи ин мафҳум, ки болотар зикр гардид, дар мисоли таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва саҳми Пешвои миллатро дар ин ҷода мавриди таҳлил қарор диҳем.

Қабл аз ҳама, чунонки таъкид гардид, миллат иттиҳоди таърихии одамон аст. Оне, ки тоҷик ҳамчун миллат иттиҳоди таърихан шаклгирифтаи мардум аст, шакку шубҳае надорад ва таърихи халқ ибтидо аз давлатҳое, ки дар ҳазорсолаи V то II пеш аз милод арзи ҳастӣ доштанд, то Тоҷикистони муосири соҳибистиқлол гувоҳӣ аз ин медиҳанд. Худи вожаи тоҷик ҳам, ки тавре болотар қайд шуд, аз асри якуми мелодӣ мавриди истифода қарор дошта, дар манбаъҳои хаттӣ ҳанӯз дар даврони то истилои арабҳо –  то acpи VII зикр гардидааст ва ин дарак аз он медиҳад, ки мардуми мо аз қадимулайём ҳувияти худро бо ҳамин ном муаррифӣ ё идентификатсия кардааст. Дар даврони шӯравӣ ва замони истиқлол ин мафҳум ба пуррагӣ муаррифгари номи миллати мо гардида, эҳтиёҷ ба номгузориҳои дигаре ба миллат ва забони он боқӣ намонд.

Дар хусуси нишонаи дигари миллат – иттиҳоди устувори  гуруҳи одамон будан низ дар нисбати миллати тоҷик айни суханҳои болоро такрор кардан имкон дорад. Тоҷикон аз қадимулайём бо ҳам дар робитаи устувор қарор доштаанд ва новобаста аз он, ки намояндагони миллат дар марзҳои гуногуни сиёсӣ умр ба сар бурдаанд, робитаҳоро бо ҳамдигар, хусусан дар соҳаи фарҳанг ҳеч гоҳ қатъ накарда, тамаддуни барои кулли ҷаҳон маъруфу қобили истифодаи тамоми башарро бунёд гузоштанд. Дар таърихи навини тоҷикон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки бадхоҳони дохилию хориҷии тоҷикон марзу буми миллатро ба се қисмат тақсим карда буданд, таҳдидҳои бузурге ба устувории иттиҳоди мардуми мо ҳамчун миллат ба миён омада буданд. Хушбахтона,  хиради азалии мардум, талошҳои ҷавонмардонаи Пешвои муаззами миллат ва аз ҷониби эшон ба сатҳи идеологияи миллӣ бардоштани фалсафаи ваҳдати миллӣ имкон доданд, ки иттиҳоди устувори  гуруҳи одамон будани миллати тоҷик комилан ҳифз карда шавад. Аз ин рӯ, дар баробари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ будан, мо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун эҳёгари яке аз нишонаҳои муҳимми миллат –гуруҳи устувори одамон будан барои мо тоҷикон дар таърихи навини худ эътироф намоем ҳам, ба воқеияти таърихӣ ба пуррагӣ мувофиқ хоҳад буд.

Оид ба умумияти ҳудуди ҷуғрофӣ ҳамчун нишонаи миллат сухан гуфта, бояд таъкид дошт, ки тоҷикон мардуми бумии Осиёи Марказӣ буда, аз қадимулайём маҳз дар ҳамин замин дохили марзҳои гуногуни сиёсӣ ва дар ҳайати давлатҳои мухталиф зистаанд. Баъд аз соли 1924 ва каме баъдтар, яъне аз соли 1929 бошад, ҳудудҳои сиёсии давлати миллии мо бо талафоти зиёде аз сарзамини таърихӣ муайян гардиданд, ки ба Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳамон шакл ба мерос монданд. Дар даврони истиқлол ин ҳудуди ҷуғрофии ба мерос монда бо кишварҳои ҳамҳудуд, аз қабили Ӯзбекистон, Афғонистон ва Чин ба пуррагӣ аз ҷиҳати сиёсӣ ба расмият дароварда шуда, бо давлати ҳамсояи Қирғизистон дар баъзе минтақаҳо тавассути муколама ва музокираҳо ҳалли ниҳоии худро ёфта истодааст. Ба ибораи дигар, дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба тоҷикон муяссар гардид, ки таҳти сарварии Пешвои миллат умумияти ҳудуди ҷуғрофии худро комилан ҳифз намоянд.

Дар маҷмуъ бошад, метавон зикр кард, ки миллати тоҷик имрӯз соҳиби ҳудуди ҷуғрофии умумӣ барои тамоми сокинони давлати худ аст. Вале мафҳуми миллат бо маънои сиёсияш имрӯз агар бо ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳдуд бошад ҳам, аз лиҳози таърихӣ он ба тамоми тоҷикони бурунмарзӣ дахл доштани худро низ нигоҳ доштааст. Тавре маълум аст, дар кишварҳои зиёди муосир, ҳам дар хориҷи наздик ва ҳам дар хориҷи дур, намояндагони миллати тоҷик сукунат доранд. Бо ҳамин сабаб дар даврони соҳибистиқлолӣ мафҳуми тоҷикони бурунмарзӣ пайдо гардида, дар даҳсолаҳои охир маънии тоза касб кард. Сарвари давлат – Пешвои муаззами миллат шахсан ташкили робитаҳои мустақимро бо онҳо асос гузоштанд, созмонҳое чун “Пайванд” барои тамоми тоҷикони ҷаҳон таъсис доданд, тамоми ҷашнҳои давлатию миллиро ба ҳамаи онҳо дар қатори шаҳрвандони худи ҷумҳурӣ шодбош мегӯянд ва фаъолиятҳои зиёди дигарро барои дастгирии онҳо ва барқарории алоқаҳояшон бо марзу буми аҷдодӣ роҳандозӣ месозанд. Ин амалҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки тоҷикон бо ҳидоятҳои Пешвои худ барои ҳифзу рушди миллати худ ҳам ба маънии сиёсии он ва ҳам ба маънии таърихияш саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ инчунин барои ҳифз ва рушди нишонаи дигари миллат – умумияти ҳаёти сиёсию иқтисодии тоҷикон тадбирҳои зиёде амалӣ гардиданд. Чунонки маълум аст, дар даврони шӯравӣ ҳокимияти сиёсии Тоҷикистон номиналӣ буда, асосҳои сиёсати давлатии дохилию хориҷӣ аз ҷониби ҳокимияти марказии шӯравӣ муайян ва амалӣ мегардиданд. Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки тоҷикон, чунонки дар моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, худро “давлати соҳибихтиёр” эълон намоянд, онро воқеан амалӣ созанд ва тибқи моддаи 69 Конститутсия зимоми муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлати миллиро ба Президенти худ, ки аз ҷониби халқ бевосита интихоб карда мешавад, вогузор намоянд. Ҳамаи ин амалҳо ба тақвияти нишонаи миллат – умумияти ҳаёти сиёсӣ мусоидат намуданд.

Дар бораи умумияти ҳаёти иқтисодии миллат низ баъзе хулосаҳои шабеҳ ба умумияти ҳаёти сиёсиро метавон такрор намуд, зеро танҳо баъди истиқлол Тоҷикистон тавонист, ки аз боқимондаҳои он унсурҳое, ки ҳаёти иқтисодии миллатро аз тарафи ҳокимияти марказии шӯравӣ муайян месохтанд, раҳоӣ ёбад. Дар ин даврон кишвари мо робитаҳои иқтисодии байналмилалиро ба сатҳи баландтар бардошта бошад ҳам, вале чанд амалеро ба анҷом расонид, ки ба миллат имкон доданд ҷузви як иқтисодиёт будани худро бештар эҳсос намояд. Ин амалҳо қабл аз ҳама ба соҳибихтиёр гаштан дар истифодаи сарватҳои табиии худ, аҳаммияти хосса додан ба рушди иқтисодию иҷтимоии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, на минтақаҳои алоҳидаи он ва талошҳо барои расидан ба ҳадафи стратегии миллӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ марбутанд. Сохтмони роҳҳо ва пулҳои аҳаммияти маҳаллию миллӣ ва байналмилалӣ дошта ба робитаҳои минтақаҳои кишвар байни ҳамдигар ва мутаносибан, байни мардум мусоидат намуда, ба тоҷикон имконият доданд, ки умумияти миллии худро дар самтҳои хоҷагидорию тиҷорат ва умуман, ягонагии иқтисодӣ боз ҳам тавсеа бахшанд. Дар умум, даврони Истиқлоли давлатӣ ҳамчун омили тақвиятгари умумияти ҳаёти иқтисодии миллати тоҷик нақши хеле созандаро ба анҷом расонид ва таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ба таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат кард.

Чунонки борҳо таъкид гардид, аз нишонаҳои муҳимтарини миллат ин умумияти забони адабӣ аст. Забони тоҷикӣ, ки решаҳои он дар забонҳои суғдию бохтарӣ, паҳлавӣ ва дигар забонҳои қадимии ниёгонамон қарор дорад ва бо номҳои дарию форсӣ низ машҳур будааст, қарнҳои тӯлонӣ барои мо тоҷикон забони модарии ягона будааст. Маҳз ҳамин забон ба қисматҳои ғарбию ҷанубии сукунати қавмҳои ориёинажод рафта, асоси забони онҳоро низ ташкил додааст, на баръакс. Ҳамчун забони адабии хаттӣ забони тоҷикӣ дар даврони ҳукмронии сулолаи Сомониён дар асрҳои IX-X дар баробари ташаккули халқ дар осори шоирону мутафаккирони мо чун Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) ташаккули ниҳоӣ ёфта, то ибтидои замони шӯравӣ дар асоси алифбои арабӣ рушд кардааст. Дар даврони шӯравӣ бошад, муддати кутоҳе дар асоси алифбои лотинӣ ва баъдан дар асоси алифбои кириллик ин забон бо кӯшишҳои зиёиёни тоҷик, аз ҷумла устод Садриддин Айнӣ (1878-1954), ба забони адабии муосири тоҷик табдил ёфт. Дар ин даврон тамоми намояндагони миллати тоҷик ин забонро ҳамчун забони меъёрии худ эътироф карданд ва мактабу маориф, илму фарҳанги худро дар заминаи он рушд бахшиданд.

Боиси таъкид аст, ки истиқлолхоҳии тоҷикон дар охири садаи ХХ маҳз аз ҳалли масъалаи забон шуруъ гардид ва бо дастёбӣ ба Истиқлоли давлатӣ ибтидо аз соли 1991 забони тоҷикӣ ҳамчун забони ягонаи адабии миллати тоҷик рушди бесобиқае ёфт. Амалҳоеро, ки дар ин давра сурат гирифтанд ва натиҷаҳоеро, ки тоҷикон дар ин пораи кутоҳи замонӣ ба онҳо ноил гардиданд, дар самти таъмини умумияти забони адабии миллат метавон мухтасаран чунин баён намуд: 1) забони адабии тоҷикӣ тавасути қонугузорӣ забони давлатӣ эълон гардида, мақоми аввалро дар раванди таъмини ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии миллату давлат касб кард; 2) забон аз тамоми унсурҳои нозарури иқтибосшуда ва олудагиҳо дар захираи луғавӣ ва қоидаҳои сарфию наҳвӣ тоза гардид, қоидаҳои имлои он такмил ёфтанд ва ислоҳоти алифбои кириллиасоси тоҷикӣ сурат гирифт; 3) эҳтиром ба забони модарӣ, таҷлили рӯзи он дар сатҳи миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ғании фарҳангӣ, ки дар асоси он ба вуҷуд оварда шудааст ва амсоли он ба як ҷузви муҳимми барномаи ғайрирасмии эҳёи хотираи таърихӣ ва рушди миллат мубаддал гардиданд; 4) оммафаҳмии забони адабӣ ва сухангӯӣ бо он барои ҳамаи намояндагони миллат новобаста аз минтақаи зисташон таъмин гардид, нутқи шифоҳӣ ба забони адабӣ бештар наздик шуд ва ғайра.

Дар маҷмуъ, забони муосири адабии тоҷикӣ дар даврони истиқлол бо сарварии Пешвои муаззами миллат дубора эҳё гардида, рушди он ҳамчун нишонаи миллат умумияти тоҷиконро боз ҳам тақвият бахшид. Шеваю лаҳҷаҳои дар дохили ин забон мавҷудбуда то кунун ҳам ҳамчун воситаи шифоҳии муошират дар сатҳи маҳаллию минтақавӣ корбаст гардида, барои рушди забони адабии хаттӣ ҳамчун махзани шифоҳӣ хидмат мекунанд. Бо як қатор забонҳои дигар – яғнобӣ, язгуломӣ ва забонҳои помирӣ соҳиб будани қисмати аҳолии кишвар ба умумияти забонии миллат ҳеч халале ворид намесозад, зеро аз қадимулайём ин забонҳо ҳамчун воситаи шифоҳии муошират дар сатҳи минтақавӣ хидмат намуда, ҳомилони онҳо низ тамоми мероси хаттии худро дар асоси забони адабии тоҷикӣ офаридаанд. Истиқлоли давлатӣ ҳифзи ин забонҳоро кафолат дода, азхудкунии забонии адабии тоҷикиро аз ҷониби ҳомилони ин забонҳо дар сатҳи ниҳодҳои расмӣ ва ҳаёти рӯзмарра пурра таъмин намуд ва бо ин роҳ ваҳдат ва ягонагии миллиро таҳким бахшид. Бо иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат «омили муҳими ташаккули миллат» ва  «рукни асосии давлат» шинохтани забон, эълом доштани соли 2008 ҳамчун Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, қабул ва амалисозии чандиндафъаи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди он ва тадбирҳои зиёди дигар дастовардҳои миллатро дар самти таъмини умумияти забонӣ боз ҳам афзунтар намуданд.

Як нишонаи дигари муҳимми миллат ин психологияи умумӣ аст, ки тавассути рафтору кирдори гуруҳи бузурги одамон зуҳур карда, дар тамоми шаклҳои шуури ҷамъиятӣ инъикос меёбад. Дар ин самт идеология, шуури ҳуқуқӣ, ахлоқ, дин, илм, фалсафа, адабиёту санъатро муҳим меҳисобанд. Ҳамзамон, умумияти урфу одат, ҳувият ва худшиносии этникӣ низ аз нишонаҳои муҳимми равонии миллат мебошад.

Дар даврони истиқлол идеологияи миллии мо тоҷикон ташаккул ёфт. Ин идеология ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон такя мекунад, ки дар он пояҳои асосии ғояи миллии мо ҳамчун бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона  ва иҷтимоӣ, инчунин ҷомеаи адолатпарвар эълон гардидааст. Ҳамзамон, ҳадафҳои миллии мо, чун эҳёи давлатдории миллӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ин ғояи миллии моро боз ҳам комилтар намуданд.  Хушбахтона, ин ғояҳо ба ҳама сокинони мамлакат фаҳмо, дастрас ва маълум буда, ҳамагон онҳоро ҷонибдорӣ ва арҷгузорӣ мекунанд. Ин амалҳо, ки ҳама бо ҳидоятҳои Пешвои миллат сурат мегиранд, дар таъмини умумияти хусусиятҳои равонии миллат нақши назаррасро иҷро намуда истодааст.

Шуури ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ба куллӣ шакли миллӣ гирифт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми қонунгузории кишвар дар пояи анъана ва таҷрибаи миллӣ қабул гардида, санаду меъёрҳои ҳуқуқии даврони шӯравӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат куллан бекор карда шуданд. Зиёда аз ин, дар ҷумҳурӣ бо иқдомҳои шахсии Пешвои муаззами миллат як қатор қонунҳои сирф миллӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон” ба тасвиб расиданд, ки ба рушди шуури ҳуқуқии миллат мусоидат намуданд.

Як дастоварди муҳимми даврони Истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо новобаста аз равандҳои ҷаҳонишавӣ ё глобализатсия ин ҳифз кардан ва рушд бахшидани ахлоқи миллӣ аст. Чунонки маълум аст, ҷаҳонишавӣ ҷанбаҳои манфии зиёде, аз қабили надоштани ҷавҳари ахлоқӣ дорад, зеро тамаъ, ғазаб ва ҷаҳл дар замони муосир бе монеа ҳукмфармо гаштаанд. Дар гузашта меъёрҳои суннатии ахлоқу одоб дар ҷомеа пеши роҳи ин муносибатҳои зиштро мегирифтанд. Хушбахтона, тавассути баланд бардоштани ифтихори ватандорию худшиносии миллӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва тарбияи шахсияти бонангу номуси намояндаи миллати тоҷик бо мақсади нигаҳдошти миллат ва арзишҳои миллӣ дар рӯ ба рӯи ҷаҳонишавӣ, ки хавфи махлутшавӣ ва аз байн рафтани миллату давлатҳои миллиро амри воқеӣ гардонидааст, дар Тоҷикистон  саъю кӯшиши зиёде ба харҷ дода шуд ва миллати мо дар пешорӯи паҳншавии ахлоқи ғайрианъанавӣ истодгарӣ карда тавонист. Дар ин роҳ эҳёи ахлоқи ҳамидаи миллӣ ва фарҳангу адаби миллӣ низ нақши бузурге гузошта, умумияти ахлоқии миллат тавассути онҳо ҳифз гардид ва рушди бесобиқа ёфт. Маҳз бо ҳамин мақсад бо дастури Пешвои миллат дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ таълими фанни нав “Одоби муошират ва рӯзгордорӣ” роҳандозӣ карда шуд.

Миллати тоҷик пайрави дини ислом аст ва дар замони истиқлол дар самти ҳифзи чунин умумияти миллӣ низ тадбирҳои зиёде андешида шуданд. Қабл аз ҳама зикри он муҳим аст, ки дар ин даврон равияву ҷараёнҳои мухталифи барои миллати мо ғайрисуннатӣ дар минтақа, аз ҷумла дар Тоҷикистон рушд карданд. Вале бо иқдоми Пешвои миллат мазҳаби ҳанафӣ ва шахсияти асосгузори он, Имоми Аъзам (699-767), ки худ бо баромади қавмияш аз миллати тоҷик аст, мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор гирифта, миллати мо ба асли мазҳабии ниёгони худ дар пояи ҳанафияи мотрудӣ ошноии бештаре пайдо кард. Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон доштани  соли 2009, таҷлили 1310-солагии ӯ ва тадбирҳои дигаре, ки бо иқдоми Сарвари давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар ин самт роҳандозӣ карда шуданд, умумияти динию мазҳабии миллати моро на танҳо тақвият бахшиданд, балки онро аз роҳи хавфноки майл ба равияҳои мазҳабии бегона боздоштанд. Аз ин рӯ, агар ҳадиси қудсиии паямбари исломро дар бораи он, ки “Сари ҳар садсола нафаре меояд, ки дини шуморо барои шумо таҷдид мекунад”, ба эътибор бигирем, мо метавонем фаъолияти Пешвои миллати худро дар иҷрои ин рисолат ҳам воқеан хидмати таърихии бузурге дар таҳкими нишонаҳои динию мазҳабии миллати тоҷик дар оғози қарни бисту якум эътироф намоем.

Барои миллатҳои муосир дар баробари идеологияи миллӣ умумияти илм, фалсафа, адабиёту санъат ва соҳаҳои дигари ба онҳо марбутбуда, ки дар ташаккули ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ нақши бузург доранд, хеле муҳим аст. Хушбахтона, даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон як қадами устуворе дар роҳи рушди илму фалсафаи миллӣ, адабиёт, санъат ва ҳунарҳои мардуми мо гардид. Оид ба дастовардҳо дар ин самтҳо мисолҳои зиёде овардан имкон дорад, ки таҳқиқи алоҳидаро тақозо менамояд, вале бо овардани чанд нукта иктифо мекунем. Илму фалсафаи тоҷик дар ин даврон ҳамқадами замон ва комёбиҳои илмию технологии ҷаҳони муосир гардид, вале дар баробари ин, такя намудани онҳо ба арзишҳои ғании ниёгон дар ин ҷода ҷавҳари сиёсати рушди ин соҳаҳоро ташкил медиҳад. Санъати тоҷик ҳам бо ҳамин минвол рушд намуд. Арҷгузории пайваста ба ҳаёту осори мутафаккирону донишмандон, адибону санъаткорони гузашта ва имрӯз исботи возеҳи ин маънӣ аст. Рушди фалакхонию шашмақомсароӣ, сесолаи рушди ҳунарҳои мардумӣ эълон гаштани солҳои 2019-2021 ва садҳо тадбирҳои дигаре дар ин самтҳо, ки аз иқдомҳои хирадагаронаи Пешвои миллатанд, умумияти миллати моро дар илм, фалсафа, адабиёт ва санъату ҳунар, ки таърихи хеле қадима дошта, имрӯз бо такя ба анъанаҳои миллӣ ва дар ҳамоҳангӣ бо тағйироти замони муосир ба пеш ҳаракат мекунанд, ба таври назаррас тақвият бахшиданд.

Урфу одат ва анъанаву оинҳо ҳамчун хусусиятҳои равонӣ яке аз нишонаҳои возеҳи умумияти миллӣ барои ҳар як қавму халқ ба ҳисоб мераванд. Мо тоҷикон аз қадим бо расму оини худ аз миллатҳои дигар тафовут доштем, вале он анъанаҳое, ки дар даврони шӯравӣ аз даст рафта буданд, дар замони нави истиқлол дар заминаи талаботи замони муосир эҳё ва умри дубора диданд. Дар баробари ин, мо ба масъалаи танзими анъанаҳои худ таваҷҷуҳи зарурӣ равона сохтем. Хусусан, ибтидо аз нимаи дуюми солҳои навадуми қарни гузашта дар ҳалли мушкилоти дар самт мавҷудбуда фаъолият густурда гардид. Бо иқдоми Пешвои миллат қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2007, ки чуноки болотар таъкид гардид, санади сирф миллии мо дар самти қонугузорӣ аст, масъалаҳои мавҷуда дар ин самт ҳалли худро ба таври ниҳоӣ пайдо намуданд. Қонуни мазкур ду натиҷаи хеле ҳам мусбат барои тамоми сокинони кишвар ба бор овард: аввалан, ин самараи иқтисодии татбиқи қонун буд, ки мардуми моро аз харҷҳои ноҷо раҳоӣ бахшид; дуюм, натиҷаи иҷтимоии роҳандозии қонун буд, ки урфу одат ва анъанаву оинҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриро ба ҳам қарину наздик сохта, умумияти миллии тоҷиконро дар ин соҳа тақвияти бештаре бахшид. Ба ибораи дигар, маҳз тавассути ҳамин тадбирҳои қонунгузорӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ боз як нишонаи хеле муҳимми милат барои мо тоҷикон таҳким ёфт.

Ҳамчун нишонаи милат мутахассисони соҳа дар даҳсолаҳои охир умумияти хусусиятҳои равонии дигар – ҳувият ва худшиносии этникиро низ муҳим арзёбӣ намудаанд. Худшиносӣ дар маҷмӯъ ин шинохти шахсияти хештан аст, ки ба инъикоси худӣ дар шуур асос ёфтааст. Худшиносии миллӣ бошад, одатан ҳамчун мансуб донистани хештан ба ин ё он миллат, давлат ва фарҳанг ҳисобида шуда, ба чунин унсурҳое, аз қабили ғояи миллӣ, эҳсоси мансубияти марзӣ ва мутааллиқӣ ба ин ё он дину мазҳаб такя мекунад. Ҳувияти миллӣ низ таҷассумгари ҷавҳари худшиносии ботинӣ, эътиқоди миллӣ ва фарҳангии инсон буда, эҳсоси мансубият доштани шахсро на фақат ба миллату фазои муайяни фарҳангию иқтисодӣ, балки ба давлат низ муайян месозад. Ба ибораи дигар, ин мафҳум майли инсонҳоро ба ҳамдавлатӣ, ҳамватанӣ ва якпорчагии марзу буми зисташон ҳам дар бар мегирад. Аз ҷониби дигар, дар худшиносӣ маҳз нақши эҳсос кардан ва дараҷаи зуҳур кардани ин эҳсос дар шуури шахс дар муносибат ба умумияти ғояи миллӣ, мансубияти марзӣ ва мутааллиқӣ ба як Ватан хеле баланд аст.

Боиси тазаккур аст, ки мардуми мо ба куллӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба ин ду мафҳуми дар мадди аввал сирф илмию фалсафӣ – ҳувият ва худшиносии миллӣ ошноии комил пайдо карданд. Дар Тоҷикистони тозаистиқлоли мо, хушбахтона, тӯли се даҳсолаи охир дар ин роҳи пурпечутоби ташаккули худшиносӣ қадамҳои устувор низ гузошта шуданд. Новобаста ба он, ки тайи ин даврон тағйироти куллӣ ва буҳронҳои шадиди иқтисодию иҷтимоӣ дар тамоми ҷаҳон ҳукмрон буданд, тоҷикон дар муайянсозии асосҳои хештаншиносӣ ва ҳувияту маънавиёти миллӣ таҷрибаи ҷаҳонии ҳифзи амнияти миллию идеологиро омӯхта, барои тарғиби онҳо фаъолиятро ҷоннок намуданд ва саҳми ҳар як сокини бонангу номуси кишварро дар рушди маънавиёти он хеле баланд бардоштанд. Маҳз дар натиҷаи ҳамин имрӯз миллати моро бо номи тоҷик, забону фарҳанги ӯро бо номи тоҷикӣ на танҳо намояндагони ин миллат, балки халқу миллатҳои дигар ҳам муайян (ё идентификатсия) карда метавонанд. Ин амр аз таҳкими ҳувият ва худшиносии миллӣ ҳамчун нишонаи миллат дар даврони истиқлол ба таври аёнӣ шаҳодат медиҳад ва дар тамоми суханрониҳои Пешвои миллат ҳам ин мавзӯъ пайваста мақоми марказӣ дорад.

Чунонки дар ибтидо таъкид намудем, мутахассисони муосир умумияти мактаб ё меъёрҳои таҳсилотро низ барои муайянсозии вазъи миллатҳо дар ҷаҳони имрӯза муҳим медонанд. Дар ҳақиқат ҳам, агар умумияти меъёрҳои таҳсилот набошад ё ба ибораи дигар, маориф ҳамчун унсури миллатсоз маҳсуб нагардад, дар шароити ҷаҳонӣ ба рушди миллат ва таҳким бахшидани нишонаҳои он муваффақ гаштан мушкилоти хеле зиёд пеш меоянд. Ва чунонки маълум аст, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо иқдоми Пешвои миллат маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон гардида, онро омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат ҳисоб намуданд. Аз ин рӯ дар даврони истиқлол барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардида, барои рушди бемайлони соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам омад. Дар ин росто барои тамоми зинаҳои таҳсилот стандартҳои давлатӣ муайян карда шуданд, ки барои ташкили мактаби миллӣ мусоидат намуданд. Бо ҳамин далел метавон гуфт, ки мактаби имрӯзаи тоҷикон, агарчӣ талош барои наздик шудан ба меъёрҳои байналмилалӣ ва воридшавӣ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ дорад, ҷавҳаран миллӣ буда, дар ташаккули худшиносии миллии насли навраси кишвар ва таҳкими нишонаҳои миллат яке аз нақшҳои калидиро иҷро мекунад.

Дар бораи умумияти воситаҳои ахбори омма низ хулосаи болоро дар бораи мактаби миллӣ метавон такрор намуд. Имрӯз мо тоҷикон матбуоти ҷавҳаран миллӣ дорем, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва шадид гаштани муборизаҳои иттилоотӣ дар мавқеи ҳифзи манфиатҳои миллӣ қарор дорад. Зиёд гаштани шумораи рӯзнома, ҳафтанома ва маҷаллаҳои миллӣ, агентиҳои иттилоотӣ, шабакаҳои телевизионию радиоии ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва дастрасии аҳолӣ ба онҳо дар даврони истиқлол имкон доданд, ки дар кишвар фазои ягонаи иттилоотӣ барқарор гардида, андешаҳои миллии созанда бештар тарғибу ташвиқ карда шаванд. Дар баробари ин, ба шабакаҳои интернетӣ роҳ ёфтани алифбо ва забони тоҷикӣ, ифтитоҳи сомонаҳои зиёду гуногунранги миллӣ фазои иттилооти миллиро тақвият бахшиданд. Ҳама ин ба он мусоидат намуд, ки бо вуҷуди интишори ахбори ғайримиллӣ, ки аз ҷониби манбаъҳои хориҷӣ асосан паҳн карда мешавад, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол воситаҳои ахбори оммаи миллӣ хеле фаъол гарданд, дар шароити ҷаҳони муосир аз уҳдаи таъмини иттилоотии миллат бароянд ва вазифаи муқаддаси худро ҳамчун унсури муҳимми таҳкимбахши умумияти миллӣ ба иҷро расонанд. Дар умум, агарчи матбуоти тоҷик ибтидо аз нашри рақами нахустини рӯзномаи “Бухорои шариф” таърихи зиёда аз садсола дорад, вале маҳз Истиқлоли давлатӣ ва саъю кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат дар ин самт имкон доданд, ки умумияти воситаҳои ахбори омма барои кулли миллат дар ҳамин даврон устувор гардад.

Ба ҳамин тариқ, дар даврони Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат давлати миллии худро эҳё намуда, узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид ва шинохти он ҳамчун давлати соҳибихтиёр аз ҷониби аксарияти кулли кишварҳои олам, инчунин роҳандозии сиёсати дохилию хориҷии мустақил ба таҳкими нишонаҳои миллате, ки ин давлатро бунёд сохтааст, мусоидат намуданд.

Ҳамаи ин дастовардҳо дар самти рушди миллат, миллатсозӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба миллати хеш эътимоди комил дошта, гуфтаанд: “Тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳои хушбахтанд, ки тақдири имрӯзу фардои давлату ватани худро дар ихтиёр доранд”. Дар ҳақиқат ҳам, маҳз ҳамин хушбахтии миллати тоҷик – Истиқлоли давлатӣ доштани он имкон дод, ки дар ин даврон мо ба рушди миллӣ ва таҳкими нишонаҳою ҳувияти миллати хеш ноил гардем ва устувории онро ҳамчун миллати соҳибдавлат барои садсолаҳои оянда ва барои наслҳои минбаъдаи ин миллати куҳанбунёд таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат таъмин созем.

Хуршед Зиёӣ
доктори илми фалсафа, профессор, директори
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон













 

 

16.08.2021 48