МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком ба худтабобаткунӣ роҳ надиҳед!

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком ба худтабобаткунӣ роҳ надиҳед!

ДУШАНБЕ, 8.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани мавсими сардӣ ва тағйир ёфтани обу ҳаво бемориҳои шадиди роҳҳои нафас авҷ гирифта, теъдоди  гирифторони он меафзояд. Тибқи таҳлилҳои оморӣ, имрӯзҳо 70-75%-и бемориҳои сироятиро бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ташкил медиҳанд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» ин мавзӯъро пайгирӣ намуда, оид ба сабабҳои асосии паҳншавии ин бемориҳо бо  Директори маркази назорати давлатии санитарӣ – эпидемологии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Соҳибназар Зоҳиров суҳбат намуд.

Ба зикри мавсуф, баробари фаро расидани фасли сармо шумораи гирифторони  бемориҳои шадиди роҳҳои нафас,  аз ҷумла, бемории зуком  зиёд мешавад. Дар вақти якбора иваз шудани боду  ҳаво   масунияти бадани одам паст гардида, шахс гирифтори вирусҳои гуногун мегардад.

«Дар шароити иқлими Тоҷикистон бештар вируси бемории зуком (намуди А ва В) (парагрипп, аденовирусҳо) ва риновирусҳо мушоҳида карда мешаванд. Сабабҳои асосии паҳншавии ин бемориҳо, аз як тараф, гардиши табиии ин намуди вирус дар табиат бошад, аз тарафи дигар, риояи нагардидани гигиенаи шахсӣ аз тарафи аҳолӣ мебошад»,- зикр кард Соҳибназар Зоҳиров.

Тавсияи пешгирикунанда аз зуком – ин  пеш аз ҳама, риояи  реҷаи ҳавоивазкунӣ дар дохили хона, корхона ва  муассисаҳои таълимӣ мебошад. Бояд ҳамарӯза болои ашёи рӯзгорро бо маводи безараркунӣ ва матоъҳои намнок коркард кард. Масъалаи дигар — баланд бардоштани масунияти бадан ва обутоби бадан аст. Бештар дар ҳавои тоза сайру гашт кардан, истеъмоли хӯроки серғизои  аз витаминҳо бой ва  афшураи лимӯро низ набояд фаромӯш кард.  Қоидаҳои  беҳдоштӣ, яъне шустани даст,  худдорӣ аз ҷойҳои серодамро низ бояд риоя кард.  Шустани дастон бо собун ва оби ширгарм метавонад беш аз 90 фоизи  микроорганизмҳои дар даст ҷамъшударо тоза намояд.

Ҳамсуҳбати мо иброз медорад, ки давраи ниҳоии  ин бемориҳо аз 12 соат то 2-3 шабонарўз буда, аломатҳои асосии он ҳарорати баланд, дарди мушакҳо, сулфа, беҳолӣ ва бемадорӣ мебошад. Дар ҳолати  вазнин ҷараён гирифтан ин беморӣ ба оризаҳои  илтиҳоби шуш ва илтиҳоби пардаи гўш  низ оварда мерасонад.

«Сарчашмаи вирусҳо шахси бемор аст, чунки ҳангоми атса ё сулфа задани бемор вирусҳо дар ҳаво паҳн шуда, ба одами солим мегузаранд. Аз ин рӯ ҳангоми муошират бо шахси бемор аз ниқобҳои махсус истифода кардан  ё ин ки дар   масофаи дуртар истодан зарур аст»,- илова намуд мутахассиси соҳа.

Ба зикри табиб, вақтҳои охир бештари шаҳрвандон ҳангоми бемор шудан ба худтабобаткунӣ машғул мешаванд, ки ин ба оризаҳои нохуш оварда мерасонад.

Аз ин рӯ мутахассис пешниҳод менамояд, ки ҳангоми ба зуком мубтало шудан  бояд,  пеш аз ҳама, бо  мутахассисони соҳа ва духтурони оилавӣ машварат кард ва ҳеҷ гоҳ бо тавсияи нафари дигар набояд дору истеъмол кард.

Соҳибназар Зоҳиров чунин мешуморад, ки имрӯз доруҳои  гуногун бар зидди ин беморӣ зиёд шудаанду  ҳар яки он  интихоби фардӣ дорад.

«Агар як нафар бо ин навъи дору сиҳат шавад, ба нафари дигар он, баръакс, таъсири манфӣ мерасонад. Ба нафарони бемор тавсия дода мешавад, ки пеш аз ҳама, бистарӣ бошанд. Нишонаҳои  зуком дар се рӯз равшан мешаванд. Ҳангоми  бистарӣ нагаштан беморӣ шадидтар мегузарад ва метавонад ба илтиҳоби шуш гузарад. Бемор беҳтараш бистарӣ гашта, духтурро ба хона даъват кунад, то омили паҳншавии беморӣ нагардад. Дар ин ҳолат 1 фоизи муайяни эҳтимоли паҳн шудани сироят аз байн бурда мешавад», — гуфт дар хотима ҳамсуҳбати мо.

Зарангези ЛАТИФ,

АМИТ «Ховар»

khovar.tj



08.01.2022 101