Химики асил дар рӯзи химикон аз дунё гузашт

Химики асил дар рӯзи химикон аз дунё гузашт

Ҳакимов Мардон Ғуломович

(1945-2019)

Басо рамзист, ки Мардон Ғуломович Ғуломов дар рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9-сентябр) ба дунё омада, дар рӯзи химикон дар синни 74 солагӣ аз дунё гузашт.

Аз фаъолияти 47 солаи педагогии худ 26 соли онро дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино гузаронидааст. Дар ин муддат вай худро ҳамчун омӯзгори фаъол, поквиҷдон, серталаб ва инсондўст нишон дода тавонист. Ҳаёт ва фаъолияти омӯзгории устод Мардон Ҳакимов бисёр ибратомӯз аст.

Ҳикмате ҳаст, ки “Ҳар як инсон дар зиндагї аз ғамхории се падар бархурдор аст: аз падаре, ки ӯро ба дунё меорад, падарарус, устоди илм ва устоде, ки таълими илм медиҳад, беҳтарин падар ба ҳисоб меравад” Беҳуда ҳам “ҷабри устод беҳ зи меҳри падар” нагуфтаанд. Ин шаҳодати он аст, ки илму олимӣ қадру манзалати баланд дошта, як соат таҳсили илмро бузургон аз ҳазор ракаат намози нафл беҳтар донистанд. Илм ба мисли чашмаест, ки ташнагон аз он ташнагӣ мешикананд ва раҳгумзадагон роҳи худро дармеёбанд.

Номбурда ҳамчун омӯзгори мактаби миёна фаъолияташро оғоз карда, сипас ҳамчун методисти фанни химия ва биология кор кардааст. Баъдтар аз соли 1993 ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба кор омада, то охири умраш дар ин даргоҳи бузург кор кардааст.

Мардон Ғуломович дар тули фаъолияти омӯзгории худ дар Маркази омодагии қаблии Донишгоҳ садҳо кормандони соҳаи тибро таълим дода, ба воя расонидааст.Устод маҳорати баланди педагогӣ ва дониши ҷуқури химиявӣ доштанд. Ҳамин буд, ки тавонистанд меҳри илми химияро дар дили ҳазорҳо нафар шогирдон ҷой карда, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоянд. Он кас ба ҳар як шунавандаи МОҚ падарвор муносибат намуда тавонистанд, ки дар дили шогирдон шӯълаи меҳру муҳаббатро нисбат ба касби табибӣ бедор намоянд. Дар онҳо солҳое, ки дар чумҳурӣ ҷанги шаҳрвандї давом дошт ва фазои шаҳр ноором буд, устод чанд нафар шогирдонро дар хонаи худаш ҷой карда сабақи илм додааст.

Устод Ҳакимов муаллифи зиёда аз 17 дастурҳои методӣ буда аввалин шуда усули деференсиатсияро дар дохили синф истифода намудаанд. Яъне дар дохили як синф ба се гуруҳ ҷудо кардани шунавандагон: аълохонҳо, миёнахонҳо ва сустхонҳо. Ҳар як шунавандаи сустхонро бо аълохонҳо вобаста карда то азхуд намудани мафҳумҳои аввалини химия аз онҳо талаб менамуд. Ба корҳои бериназсинфӣ низ аҳамияти зиёд медоданд. Дар гузаронидани маҳфилҳои химиявӣ, рӯзи химикон ва ҳафтаи химиявӣ саҳми босазо доштанд. Мавсуф дар Маркази омодагии қаблӣ аз омӯзгори оддӣ сар карда то директори марказ фаъолият намудааст. Дар ин ҷараён усулҳои омӯзиши фаъолро дар марказ ҷорӣ намудааст. Фаъолияти чандинсолаи педагогии М.Ғ.Ҳакимовро ба инобат гирифта, ӯро бо нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” қардонӣ намуда буданд.

Хотираҳои нек аз ҳаёти устод Ҳакимов М.Ғ. дар дили шогирдон ва пайвандонаш абадӣ боқӣ мемонад. Аз рафтору кирдор, ширинсуханию ширингуфторӣ ва зиндадилу хушҷақҷақ будани ӯ гумон мекардем, ки сад сол умр мебинад, аммо сад афсус, ки аҷал гулчин будааст.

 Рустам Қиматзода, директори МОҚ

 


22.06.2019     36