КӮМАКИ ШОҲИГАРИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ COVID-19 БА ТОҶИКИСТОН

КӮМАКИ ШОҲИГАРИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ COVID-19 БА ТОҶИКИСТОН

Аз ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо маблағи панҷсад ҳазор доллари амрикоӣ барои пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID 19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи тиббӣ кӯмак карда шуд.

Бояд гуфт, ки ин кӯмакҳо бо ибтикори подшоҳи Арабистони Саудӣ Шоҳ Салмон ибн Абдулазиз Оли Сауд дар арафаи Иди саиди Қурбон ба кишварҳои мусалмонии дӯсту бародари минтақа ва ҷаҳон ирсол гаштааст.

Маросими таҳвили ин кумак дар Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сафири Фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Валид ибн Абдурраҳмон Аррашидон ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли матбуот ва телевизиону радиои давлатӣ сурат гирифта, дар идомаи ин маросим ҷонибҳо аз самараи пурбори ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ин иқдомҳои наҷибро маҳсули хиради сиёсӣ ва инсонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Арабистони Саудӣ ходими “Ҳарамайни Шарифайн” Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд номиданд.

Ин кӯмакҳо либосҳои тиббӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ, дастпушакҳо, дорувориҳо, маҳлулаҳои безаракунӣ ва ғайраро дарбар мегиранд.


21.07.2021 56