КӮМАКИ ОЛМОН ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ COVID-19

КӮМАКИ ОЛМОН ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ COVID-19
Бо иштироки муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Сафири кишвари Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн, намояндаи маҳаллии Бонки Олмонии Рушд KfW дар доираи ҳамкории молиявии Олмону Тоҷикистон ба Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас карда шуд.
Мавод ва таҷҳизоти тиббии мазкур аз воситаҳои яккарартаи муҳофизати кормандон, воситаҳои безараргардонӣ, термометрҳои фосилавӣ, воситаҳои нобудсозии маводҳои истифодашуда иборат мебошанд.
Дар доираи ин тадбир ҳамзамон харидани 11 дастгоҳи нафасдиҳии сунъии истеҳсоли ширкати Ҳамилтон (Швейтсария) бо маҷмӯи пурраи қисмҳои якдафъаина барои фаъолият дар давоми як сол дар шароити сарбории пурра пешбинӣ шудааст, ки ин таҷҳизот ба Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш», Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил”, беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Данғара ва Ёвон тақдим карда мешаванд.

Манбаъ: http://moh.tj/?p=21751



29.07.2020 46