Ҳиссиёти миллӣ

Ҳиссиёти миллӣ
Миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолияш бо ҳидоятҳои роҳбари хирадманду сипоҳсолор, хислатҳои зебоипарастӣ, тозагию озодагӣ, бо маънавиёти баланди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ахлоқу рафтори ҳамидаи сокинонаш ва фарҳанги волои шаҳрдорӣ ҳиссиёти миллии мардумро боло бардошт ва барои ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистони азиз заминаи мусоид фароҳам овард, ки ин дастовардҳои ҳаётан муҳим боиси озурдахотирии душманони дустнамои миллати мо гаштааст. Вазъияти ноороме, ки имрӯз дар марзи Тоҷикистону Қиғизистон ба вуқуъ пайвастааст, мардуми моро ба ташвиш овард ва чораҳои саривақтии давлат боиси оромӣ гардид. Дар як мудати кӯтоҳ ҷамъ гаштани мардум аз тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон гувоҳ аз он аст, ки ҳиссиёти миллии мардум хеле боло рафта, эҳтиромашон нисбат ба Сарвари арзандаи хеш рӯз то рӯз зиёд гашта истодааст ва пиру барнои халқи мо барои ҳимояи марзу буми хеш ҳамеша таёранд. Халқи тоҷик ботамкину ҳушёр буда, мисли бародарони қирғиз ба ҳар гуна дасисаҳо бовар намекунад ва танҳо ба Сарвари хеш, ки таъмини амнияти давлатӣ ва миллиро бар дӯш доранд, гӯш меандозад. Бо роҳи гуфтушунид ҳал намудани ин масъала омили он аст, ки мо халқи ҷангҷӯй нестем ва мардуми мо аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари хеш ҳамаҷониба пуштибонӣ менамоянд.
Вазъи имрӯза бори дигар исбот намуд, ки дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ Тоҷикистон тасодуфӣ набуда, як дунёи тозаеро дар роҳи кашфу омӯзиши илмҳои дунявӣ боз намудааст ва ҳар як сокини кишвар имрӯз бе мамониат аз ин дунёи равшан гули умед мечинад. Ҳадафҳои асосии Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушди устувори давлат ва ташаккули миллати мутамаддин, таъмини саодати ҳар хонадони Тоҷикистон ва таҳкими нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки барои муайян кардани хати сарҳад соли 1992 комисияи муштарак таъсис ёфта буд. Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки масъалаҳои баҳси марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хати сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди мураккаб буда, ҳалли онҳо муҳлат ва заҳмати зиёд тақозо менамояд. Бинобар ин, Сарвари давлат аз сокинон даъват ба амал оварданд, то ба гуфтаҳое, ки дар расонаҳои интрнетӣ чоп шудаанд, бовар накунанд. “Мо ҳаргиз хоки Ватанро ба касе намедиҳем. Хоки Тоҷикистон барои мо мукаддас аст. Мо минбаъд ба рушди Ворух кор хоҳем кард”,- иброз доштанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара.
Таърихи Ворух ҳамчун қаламрави Тоҷикистон воқеан то пайдо шудани Тоҷикистон дар марзҳои муосир оғоз меёбад. Агар ҶШС Тоҷикистон дар харита соли 1929 пайдо шуда бошад, пас сарҳади байни Исфара ва Ботканд (он замон Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Кара-Қирғизистон) дар харитаҳо соли 1924, ҳанӯз замони Республикаи Автономии Тоҷикистон будан, пас аз қарори дахлдори Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунист ташаккул ёфт. Мақоми ҷудонашавандаи он бо фармони Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Қирғизистон аз моҳи июни соли 1927 низ тасдиқ карда шуд, ки дар он Ворух мустақиман дар ҳайати ноҳияи Исфара бо 3,5 ҳазор нафар аҳолӣ нишон дода мешуд. Ҳамчунин Сарҳади байни қаламравҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бо қарори Шӯрои Комиссарони Халқии соли 1947 оид ба муайян кардани сарҳадҳои ҶШС Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки онҷо Ворухи ҳоло баҳснок қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистони Шӯравӣ буд, тасдиқ карда шуд.
Ба зикри Пешвои миллат, таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад. «Табиист, ки чунин баҳсҳо бояд бо дарназардошти манфиатҳои дуҷониба ва дар заминаи асосҳои ҳуқуқии тасдиқшудаи тарафҳо ҳаллу фасл шаванд. Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо назардошти манфиатҳои миллии ҳарду тараф мебошад. Бо истифода аз фурсат, бори дигар ба мардуми шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки бо ҳамсояҳо дар фазои дӯстона ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунанд, ором бошанд, ба эҳсосот дода нашаванд, зеро чунин масъалаҳо на бо эҳсосот, балки танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал мешаванд. Дар ҳалли ин гуна масъалаҳо роҳи дигар вуҷуд надорад», — таъкид карданд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз дашному суханҳои қабеҳ нисбат ба мардуми қирғиз бояд худдорӣ намоянд, зеро ин ҳолатҳо метавонанд душманиро байни ду миллат зиёд намояд. Мардуми сулҳпарвари тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён аз мутаҳидии хеш огоҳӣ дода, исбот намуданд, мо бо бадон баду бо некон наку рафтор хоҳем кард. Аммо ҳар ҳадафу кирдори бераҳмонае, ки боиси ноором кардани вазъи сиёсӣ, эҷоди бесарусомониҳо, коста намудани обрӯи давлат ва ҳамзамон шӯр ангехтан миёни қишрҳои ҷомеа мегардад, беҷавоб нахоҳад монд.
Тайи 30 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мо ба комёбиҳои бузурги таърихию фарҳангӣ ноил шудем. Ин ҳама дастовардҳо аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадаанд. Пӯшида нест, ки ин ҳама дастовардҳо ба чашми бадхоҳони миллат намеғунҷанд. Онҳо боз бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки мардуми тоҷикро дар ҳоли парешониву мусибат қарор диҳанд.
Ҳадафҳои асосии Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат низ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушди устувори давлат ва ташаккули миллати мутамаддин, таъмини саодати ҳар хонадони Тоҷикистон ва таҳкими нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун як раҳнамои миллат бо қадрдонии фарҳанги миллату халқи худ дар роҳи эъмори як кишваре, ки метавонад бақои устувор дошта бошад, қадамҳои устувори худро гузоштаанд. Дар аввалин рӯзҳои вазифаи пурмасъулияти роҳбарии давлатро ба дӯш гирифтан, ки Тоҷикистон дар ҳолати нобудӣ қарор дошт ва миллат парокандаву сарсон буд, ба ҳамватанони дар ғурбат қарордошта аз минбари баланди ВАО иброз дошта буданд: «… ба Ватан биёед. Шуморо хонаву даратон интизор аст. Ба иғво дода нашавед. Ман ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунам. Танҳо инро мегӯям, ки агар як пора нон ҳам дошта бошем, онро бо ҳам мебинем». Мантиқи ин даъвати кӯтоҳ дар худ фарҳанги бузургеро ҷой додааст. Ин оҳанг аз фарҳанги инсондӯстонаи чандинасраи машриқзамин бармеояд, ки саршори ҳикмати бузург аст. Ин садо аз омили пурғановати фарҳанг танин дошт ва ин ҷумларо он рӯзҳо фарде гуфта метавонист, ки дар замири ӯ шарораи фарҳангу маънавиёти баланд ҷой дошта бошад.
Хиради воло ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бори дигар гузашт намуда, ин алангаи ҷангро хомӯш намуд.
Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М.- мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


06.05.2021 77