Бо ваксина аз сирояти каронавирус эмин мемонем

Бо ваксина аз сирояти каронавирус эмин мемонем

Ваксиназанӣ дар Тоҷикистон 22 марти соли равон бо қарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ шуда, дар навбати аввал қишрҳои осебпазири ҷомеа, назири кормандони соҳаи тиб, маориф, афроди аз 60-сола боло, кормандони ниҳодҳои муҳими иқтисодӣ ва дигарон бояд ваксина шаванд.

         Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон 5,8 миллион нафар афроди воҷиби эм зиндагӣ мекунанд, аммо на ҳамаи онҳо метавонанд ваксина гиранд. Ба гуфтаи сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, занҳои ҳомила аз ин маърака берун хоҳанд монд. Онҳо набояд ваксина гиранд, зеро ба саломатии худу тифли батнашон метавонад зиён расад. Тибқи омор, солона дар Тоҷикистон ҳудуди 200 то 240 ҳазор зан дар марҳалаи ҳомиладорӣ мебошанд.

         Тоҷикистон ҳанӯз моҳи марти соли равон 192 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca- и сохти Аврупоро бо мусоидати Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва ЮНИСЕФ аз Ҳиндустон ва 20 июн ҳудуди 300 ҳазор воя ваксинаи чинии "CoronaVac" ва ахиран 1,5 миллион воя ваксинаи “Модерна” –и сохти Амрикоро ворид намуд. Ба ҳамин минвол, тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон моҳи август 310 ҳазор вояи “АстраЗенека” ва семоҳаи аввали соли оянда боз 650 ҳазор ваксинаи “Модерна” дастрас хоҳад кард. Мутобиқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар ҳоли ҳозир 143 ҳазору 960 нафар бо ваксинаи "АстраЗенека" эм шудаанд, ки аз ин шумора 17 ҳазору 719 нафар, асосан кормандони тиб, ду воя гирифтаанд.

         Ҳоло 740 вояи “АстраЗенека” дар анбори ҷумҳуриявӣ ва 33 ҳазору 530 воя дар дасти мутахассисони марокизи саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии саросари кишвар аст, ки дар маҷмуъ 34 ҳазору 270 воя ё зарф мебошад. Бино ба ин манбаъ, 9 ҳазору 143 нафар дар шаҳри Душанбе бо ваксинаи “КоронаВак”–и Чин эм шуда, теъдоди умумии ваксинашудагон дар Тоҷикистон ба 153 ҳазору 103 нафар расидааст.  

         Ваксинаҳо, мояҳо (аз лот. vaccina)- доруҳое, ки аз резандомгонҳои кушта ё заифи бемориовар, инчунин аз заҳроба (токсин)-ҳои безарар таҳия карда мешаванд. Ҳангоми ба андомгон (организм) фиристодани Ваксинаҳо нисбат ба бемории сироятӣ масуният (иммунитет)-и фаъол инкишоф меёбад. Ваксинаи нахустинро аз нағзаки гов гирифтаанд. Охири садаи XIX олими фаронсавӣ Л. Пастер дар ҳосил кардани В. асоси илмӣ гузошт. Вай бар зидди сӯхтанӣ (1881) ва ҳорӣ (1895) моякӯбиро пешниҳод кард. Ҳоло бар зидди бисёр бемориҳои хавфноки бактериявию вирусии одам (тоун, вабо, сил, хуноқ, кузоз, полиомиелит, энсефалитҳо ва ғайра) ва ҳайвонот (варами шуши гов, брутселлёз, оқсил, тоуни хук, брадзот, лептоспироз, ҳорӣва ғайра) ваксинаҳо мавҷуданд. Ваксинаҳо беҷон, зинда, кимиёӣ, анатоксинӣ мешаванд. Ваксинаҳои беҷонро дар натиҷаи коркарди бактерияву вирусҳо бо формалин, спирт, инчунин бо роҳи гарм кардан ба даст меоранд. Ваксинаҳои зинда аз резандомгонҳои махсуси заифсохта, ки бемориовар нестанду хосиятҳои иммуногени (масуният)- и худро гум накардаанд, таҳия карда мешаванд. Дар муҳити сунъӣ (бактерияҳо) ё ҷисми чорво (вирусҳо) муддати мадид парваридани резандомгонҳо усули асосии коҳиш додани қобилияти бемориоварии онҳо мебошад. Ваксинаҳо бо роҳҳои гуногун истифода мешаванд: ба даруни мушак (бемории сурхча), таҳти пӯст (паратифҳо, домана, исҳоли хунин, вабо, тоун ва ғайра), сатҳи пӯст (нағзак, сил, туляремия, сӯхтанӣ ва ғайра), бинӣ (грипп), даҳон (полиомелит). Ваксинаҳо бо роҳҳои гуногун гузаронида мешаванд: ба даруни мушакҳо (сурхча), зери пӯст (паратифҳо, домана, исҳоли хунин, вабо, тоун ва ғайра), қабати болои пӯст (нағзак, сил, туляремия, сухтанӣ ва ғайра), ба бинӣ (грипп), даҳон (полиомелит).

         Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 69 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 76 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд.

         Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 15219 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 14705 нафар (96,6%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 121 нафар фавтидаанд.

         Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

   Турсунова З.-шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


03.08.2021 127