Андешаҳои солим, манфиатҳои миллӣ

Андешаҳои солим, манфиатҳои миллӣ

Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон сисолагии истиқлолияти давлатии хешро бо шукуҳу шаҳомати тоҷикона ҷашн гирифт, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани он ва нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ басо бузург аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон шахсияти олиму оқил, фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро дар атрофи худ муттаҳид ва дар қалби мардум шӯълаи умедро бедор намуданд. Бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш ва рушду суботи минбаъда халқро ҳидоят намуданд. Ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъсозандаи миллат, амалинамояндаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан, фароҳамоварандаи шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён низ эътироф намудаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона сарваре мебошанд, ки барои барқарории сулҳ дар давлати ҳамсоя - Афғонистон дар мулоқоташон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва расонаҳои хабарӣ дурандешона ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз доштанд: “Вазъи мураккаби хатарноке, ки тайи рӯзҳои ахир дар ин кишвар ташаккул ёфта истодааст, танҳо мушкилоти мардуми Афғонистон нест, балки аз масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонии имрӯз аст. Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афғонистон, махсусан тоҷикон, ӯзбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд”.

Роҳбари давлати тоҷикон борҳо таъкид намудаанд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчӣ тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад. Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афғонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард. Сарвари давлати тоҷикон бо дарки масъулияти миллӣ аз минбари баланди Созмони Милалӣ Муттаҳид аз мавҷудяти хатар ва вазъи ба миёномадаи Афғонистон ибрози ақида намуда, аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварда буд, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва ҳарчӣ зудтар муътадил гардонидани вазъияти мушкили сиёсиву амниятии он бо роҳи гуфтушунидҳо чораҳои фаврӣ андешида шавад. Вале имрӯз бадбахтӣ дар он аст, ки баъзе аз давлатҳои абарқудрат сари қудрат омадани Толибонро воқеият ҳисобида, ҷомеаи ҷаҳониро ба он даъват менамоянд, ки муносибатҳои дипломатиро бо Афғонистон (Толибон) барқарор намоянд. Президенти Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат барои таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, ҳифзи сарҳадро аз вазифаҳои аввалини ҳукумат шумурда, барои боз ҳам мустаҳкам намудани сарҳад чораҳои зарурӣ андешидаанд. Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонро барҳақ меъмори сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон меҳисобанд. Ёдовар шудани соли 1997-ум замоне, ки маҳз Эмомалӣ Раҳмон созишномаи сулҳро бо мухолифин ба имзо расониданд, басанда аст. Ин даврае буд, ки Президент миёни мардум шӯҳрати бузург пайдо кард. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, чун шохаҳои бузурги идоракунии хоҷагии халқ ба фаъолият пардохтанд. Сулҳ ва ваҳдати комил, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гаштаву ҳисси ватандӯстии халқи тоҷик афзуд. Чуноне ки Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшиноси тоҷик дар китоби худ “Дидгоҳи давлатмеҳвар” қайд намудааст, “яке аз манбаъҳо зарурати гузаштан аз тафаккуру мавқеи маҳалливу гурӯҳиву ҳизбӣ ва расидан ба мавқеи милливу давлатмеҳвар дар сатҳи андешаи сиёсию ҷамъиятӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар идомаи шарҳи дидгоҳи давлатмеҳвар, мавзӯи марказии он китоб, яъне дар сатҳи андешаи ҷамъиятию сиёсӣ расидан ба мавқеи миллиро бори дигар бо диди тозатар ба миён мегузорем, то тасаввур дар бораи масири рафтан то дидгоҳи давлатмеҳвар комилтар гардад. Дар ин самт шояд яке аз ҷиддитарин мушкилаҳои фазои фикрию сиёсию иттилоотии мо ин бошад, ки зеҳнҳо ва мавқеъҳои сиёсӣ ва ҷамъиятии аксари фаъолон дар қолабҳои анъанавии гурӯҳӣ, ҳизбӣ, ҷиноҳӣ, маҳаллӣ, манфиатӣ ва ғайра шакл гирифта, ба шакли дидгоҳи калони миллӣ нарасидааст.Насли нави миллат ба хотири рушди фардои миллату давлат ва ба хотири расидан ба мавқеи миллӣ, тафаккури ҷомеа набояд то беохир асири мафҳумҳо ва ихтилофҳои он даврони ихтилоф монад. Барои насли нави миллат шарт нест, ки дар канори таҷрибаи арзишманди насли гузашта ихтилофи амиқи онро низ мерос барад ва ҳатман худро ва мавқеи худро дар яке аз ин қолабҳои маъмули марҳалаи низои дохилӣ таъриф кунад. Шоиста аст, ки насли нав насли ҷомеъ бошад, ҳамчун «яке аз тарафҳои низоъ» наандешад, балки дар сатҳи миллӣ, ҳамчун соҳиби кишвар ва ҳамчун соҳиби давлат андешад. Зарурати чунин таҳаввули фикриро воқеияти имрӯзи ҷомеа низ тақозо мекунад, зеро ҳам мафҳумҳо, ҳам инсонҳо ва ҳам арзишҳои ҷомеа ба таври ҷиддӣ таҳавувул ёфтанд. Акнун худи мафҳуми ваҳдат низ дигар на ба маънои муносибати ду тарафи ҷанги шаҳвандӣ ё ду тарафи созишномаи соли 1997, балки ба маънои муттаҳидии ҷомеа дар атрофи арзишҳо, мафҳумҳо ва манфиатҳои умумимиллӣ фаҳмида мешавад. Ҳамин тавр, заруратҳои сатҳи миллӣ тақозо мекунад, ки дар марҳалаи нав неруҳои фикрӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ бояд дар масъалаҳои усулии миллӣ, дар мавриди арзишҳои аслии фарҳангию эътиқодию сиёсӣ, дар масъалаҳои аслии давлатдорӣ ва дар мавзӯъҳои стратегии рушди ҷомеа назари ягона дошта бошанд. Чунин ҳолат эътимоди умумиро бештар карда, расидан ба ин сатҳи тафаккур, моро аз мавқеъҳои ҳизбӣ ба мавқеи миллӣ ҳидоят мекунад.”

 

Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи МДТ „ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино“

Турсунова З., Муҳидинова М.- кормандои шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

 


01.10.2021 47