Зӯроварӣ дар оила таҳдид ба солимии ҷомеа аст
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба лоиҳаи “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” ва 16 рӯзи мубориза бар зидди хушунат ва зӯроварӣ дар оила мизи мудаввар дар мавзӯи “Зӯроварӣ дар оила таҳдид ба солимии ҷомеа аст” бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, олимону муҳақиқони ҷавон, васоити ахбори омма ва ҷавонони фаъол санаи 7-уми декабри соли 2018 соати 1000 дар маҷлисгоҳи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Бояд қайд намуд, ки роҳбарони мақомотҳои олии ҷумҳурӣ чорабинии мазкурро ифтитоҳ бахшида ба ҳозирин оид ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила, ки баҳри таҳким бахшидан ва мустаҳкам намудани оила равона карда шуда аст, иттилоъ дода зикр намуданд, ки ин гуна чорабиниҳо ба баланд бардоштани иттилоотноки дар бораи падидаҳои зӯроварӣ дар оила ва чораҳои пешгири намудани он дар байни ҷомеа ба хусус ҷавонон нақши муҳимро мебозад.
Аз ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О., ва 25 нафар донишҷӯёни фаъол иштирок карданд.
Шуъбаи кор бо ҷавонон