“Ёрии аввалияи тиббӣ ҳангоми хуруҷи ихтилоҷи”
Мувофиқи нақшаи кории Шуъбаи кор бо ҷавонон 17-уми октябри соли 2019, соати 15:30 дар толори МОМА машғулияти навбатии маҳфили “Ҳолатҳои таъҷилӣ дар тиб” дар мавзӯи “Ёрии аввалияи тиббӣ ҳангоми хуруҷи ихтилоҷи” баргузор карда шуд.
Дар машғулият Директори МОМА Усмонов Ҷ.Н., намоянда аз шуъбаи кор бо ҷавонони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва донишҷӯёни гуруҳи волонтёрон ширкат варзиданд.
Мавзӯи машғулияти навбатӣ аз ҷониби донишҷӯи курси 5-уми факултети тиббӣ Парпиев Комрон бо таври интерактивӣ пешниҳод гардид, ки он аз тарафи ҳозирин хуш пазируфта шуд.
Директори МОМА Усмонов Ҷ.Н. ба саволу пешниҳодҳои донишҷӯён ҷавобҳои аниқу мушаххас гардонида ҳамзамон арзу сипоси худро ба Раёсати донишгоҳ ва Шуъбаи кор бо ҷавонон оид ба гузаронидани чунин маҳфилҳо дар байни донишҷӯён ва ҷавонон изҳор намуданд.
Шуъбаи кор бо ҷавонон
22.11.2019
814