Ворисони Сино- ифтихори миллатанд

Ворисони Сино- ифтихори миллатанд

Табибони ҷавон - Ворисони Сино сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар ҷавоб ба ғамхориҳои Сарвари давлат пайваста кӯшиш менамоянд, ки дар амалӣ намудани ҳидоятҳои оқилонаи Пешвои муаззами миллат саҳмгузорӣ намоянд. Дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии сиёсии мамлакат Ворисони Сино дар назди хеш мақсад гузоштаанд, ки дар баробари хониши хубу аъло 30- солагии Истиқлолияти Тоҷикистони маҳбубро бо арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати куҳанбунёди тоҷик, рушди ифтихори Ватандорӣ ва худшиносии миллӣ ва баланд намудани маърифати сиёсиву ҳуқуқии худ сазовор пешвоз гиранд.

Донишҷӯёни МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» бахшида ба таҷлили ҷашни 29- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» инчунин барои мусоидат дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш, саҳмгузорӣ дар чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва маърифатию ахлоқӣ бо сипосномаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мукофотонида шуданд.

Шуъбаи тарбия


16.09.2020 77