Вохурии кормандони Шуъбаи тарбия ва фарҳанг бо донишҷуёни хобгоҳи №6

Санаи 24-уми сентябри соли равон бо иштироки Сармутахассиси Шуъбаи тарбия ва фарҳанг Ҳафизов Т.С ва мутахассиси шуъба Мирзои Саид дар хобгоҳи рақами 6-и донишҷўён дар мавзўи «Оила ва ҷомеа боигарии давлат мебошанд» ҷамъомад баргузор гардид. Дар рафти ҷамъомад аз ҷониби кормандони шуъбаи тарбия ва фарҳанг дар доираи мавзўи болозикр маърўза шунавонида шуд. Дар интиҳо миёни донишҷўёну кормандлони шуъба дар масъалаҳои ҳалталаби ҷавонон ва донишҷўён саволу ҷавоб ва мусоҳибаю машварти судманд қарор гирифт.
Инчунин, дар санаи 27-уми сентябр дар толори хобгоҳҳои №4-7-и донишгоҳ тибқи мактуби аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, ки вобаста ба риояи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҳамзамон оид ба расонидани ҳадафҳои Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» вохўрии донишҷўёни хобгоҳ бо намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони донишгоҳ, намояндагони шуъбаи кор бо ҷавонон, Иттифоқи касабаи донишҷўёни донишгоҳ ва шуъбаи тарбия ва фарҳанг баргузор гардид.
Шуъбаи тарбия ва фарҳанг

28.09.2019     41