Вохӯрии судманд

Вохӯрии судманд

        Санаи 12-уми декабри соли ҷорӣ декани факултети тиббӣ д.и.т. Муҳаббатов Ҷ.Қ., муовини декани донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда Иргашева Ҷ.З., муовини декани факултети тиббӣ оид ба тарбия Истамова З.Ҳ. ва муовини декани факултети тиббӣ оид ба таълим Зуҳурова П.М. дар хобгоҳи № 5 бо донишҷӯён вохӯрӣ гузарониданд. Дар вохӯрӣ мувофиқи нақша- чорабиниҳо оиди саршавии сессияи зимистона, дарсҳои фосилавӣ, камбудиҳои хобгоҳ, проблемаҳои донишҷӯён, муҳокимаи донишҷӯёне ки, баҳои ғайри қаноатбахш ва ғоибҳо доран сӯҳбат гузаронида шуд.

         Дар масъалаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ» қайд карда шуд, ки дар хобгоҳ ягон чорабиниро худсарона ташкил накунанд, фарорасии соли нави мелодӣ, зодрӯз ин ҷашни оилавӣ буда, дар хобгоҳ, қаҳвахона ва тарабхонаҳо қайд намудан маън карда шудааст, Декани факултет таъкид намуданд ки, ба дарсҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои сессияи зимистона ҷиддӣ таёрӣ дида шавад.

 Деканати факултети тиббӣ 

           

                                                                       


17.12.2018 471

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php