Вохӯрии судманд

Вохӯрии судманд
Тибқи нақша – чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуъбаи кор бо ҷавонони МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» санаи 15- уми феврали соли ҷорӣ дар толори лексионии шаҳраки “Шифобахш” суҳбату вохӯрии судманд бо донишҷӯён вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ҳамзамон баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар соли 2020, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷавонон баргузор карда шуд.
Дар вохурии мазкур директори КВД «Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе» Розиқзода Дилошӯб, мутахассиси пешбари Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавононва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» муовини ректор оид ба тарбия н.и.т., дотсент Қурбонбекова П.Қ., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О., иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қ.О.Шарифов, мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон

vokh-rii-sudmand00
vokh-rii-sudmand00
vokh-rii-sudmand00
vokh-rii-sudmand00
18.02.2020 617

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php