Вохӯрии судманд бо донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда
Бедор намудани ҳисси ватандӯстию худшиносӣ, тарғибу ташфиқи муқаддасоти миллӣ, ҳифзи ваҳдат, амният ва солимии миллат, арҷгузорӣ ба арзишҳои волои даврони истиқлолият, шиносонидани таъриху фарҳанги ниёгон ба насли наврас ва ҷавонон вазифа ва қарзи ҷоноҷони ҳар як фарди солимфикри ҷомеа ба шумор меравад.
Ҳайати омӯзгорону кормандони МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» бо роҳбарии Ректори муассиса, муҳтарам Гулзода М.Қ. дар баробари тайёр намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ, инчунин пайваста донишҷӯёнро ба хештаншиносу меҳанпарвар будан талқин медиҳанд.
Аз ин лиҳоз, бо мақсади иҷрои супориши Ректори донишгоҳ, муҳтарам Гулзода М.Қ. оид ба гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо донишҷӯёни донишгоҳ атрофи мавзӯъҳои пос доштани муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Ваҳдату Истиқлолият, бохабар сохтан аз таъриху фарҳанги гузаштагон, терроризм ва экстремизм, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва аз ҳама мавзӯи муҳим-риояи қатъии гигиенаи шахсӣ, гигиенаи ҷамъиятӣ, ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, хусусан «Коронавирус» дар хобгоҳҳо санаи 04.09.2020 мутахассисони шуъбаи фарҳанг бо роҳбарии сардори шуъба Файзов Э.М., муовини декан оид ба донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда Иргашева Ҷ.З. ва намояндагони КИКД донишгоҳ аз хобгоҳи донишҷӯёни №5 дидан намуданд.
Пас аз дида баромадани ҳолати зисти истиқоматкунандагон дар толори хониши хобгоҳ миёни намояндагони шуъбаи фарҳанг ва донишҷӯён ҷамъомад баргузор гардид.
Ҷамъомадро муовани декан оид ба донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда Иргашева Ҷ.З. оғоз намуда, мақсади ташкили ҷамъомадро ба донишҷӯён баён сохт. Муаллима иброз доштанд, ки вобаста ба гирифтории ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вируси нав бо номи Ковид – 19 тамоми бошандагони хобгоҳро месазад, ки дар дохили хобгоҳ мунтазам ба гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Дар хона ва ҷойҳои истифодаи умумии хобгоҳ маводҳои антисептикӣ дастрас бошад. Ҳангоми дар ошхона, роҳравҳо ва толори хониш қарор доштан аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд.
Сипас, сардори Шуъбаи фарҳанг Файзов Э.М. ба сухан баромада, ҳозиринро ба муносибат оғози соли нави таҳсил ва ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборакбод намуд. Файзов Э.М. дар рафти суханронии худ роҷеъ ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ғамхорию заҳматҳои сарвари давлат ба ватану миллат, хусусан ба ҷавонон ибрози ақида намуданд. Файзов Э.М. қайд карданд, ки дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ кишвари мо ба марҳилаҳои пурпечутоби таърихӣ дучор ва ба санҷишҳои зиёд рӯ ба рӯ гардидааст. Тоҷикистон аз як кишваре, ки дар вартаи нобудшавӣ ва саноату иқтисодиёташ торумор гашта истода буд, хушбахтона имрӯзҳо ба сарзамини аз лиҳози иқтисодӣ рӯ ба тараққӣ табдил ёфтааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаҳои гуногуни мамлакатамон ба дастовардҳои беназир ва ҷаҳонӣ ноил гардид. Корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, маданиву маишӣ, фарҳангиву фароғатӣ, бунёди биноҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шуд. Албатта, ташаббусҳои Президенти мамлакат дар таҳкими пояҳои Истиқлолият ва эҳёи давлати навини тоҷикон хеле бузург аст . Маҳз бо заҳмату талошҳои қотеонаи сарвари давлатамон халқи тоҷик тавонист оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намояд ва ба ин рӯзҳои нек бирасад. Мафҳумҳои сулҳу оштии миллӣ, ҳамдигарбахшию хештаншиносӣ ҳадафҳои доимии пешгирифтаи ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Боиси ифтихори ҳар як фарди миллат аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактаби бузурги сулҳофар эътироф карда, мавриди таҷриба қарор додаанд.
Хушбахтона, имрӯзҳо бо шарофияти Истиқлолияти давлатӣ ва ин марди ватандӯст миллати тоҷик ба худшиносии миллӣ расид ва тайи ин солҳо Пешвои миллат дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, ташаккули худшиносию меҳанпарастӣ қадамҳои устувор гузошт. Ба хотири аз нав муаррифии аҷдодони маъруфу шуҳратёри халқи тоҷик, бо супориши бевоситаи Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон, бузургони таъриху фарҳанги миллат арҷгузорӣ шуда, ҷашнҳои бошукуҳи бузургдошти он абармардон дар сатҳи байналмилалӣ доир гардид.
Мутаассифона, ин ҳамаи пешравиҳои халқи тоҷикро на ҳама бо чашми нек назар мекунанд. Яъне ҳастанд шахсиятҳои манфуре, ки ба сулҳи тоҷикон ҳасад бурдаю бо ниятҳои нопоки худ ба оромии ҷомеаи навини мо халал расониданианд. Ва аз ҳама аламовараш он аст, ки қисмати зиёди онҳо зодагони ин сарзамини биҳиштосоянд. Ё худ ба қавли дигар намакхӯрдагону поси намак надоштагон. Ин тоифа бадсириштон дар фикри ноором кардани зиндагии аҳолии Тоҷикистонанду барои расидан ба ниятҳои нопоки худ аз ҳеҷ гуна дасисаю фитнаангезӣ рӯй намегардонанд. Ва бо ин нияти нопокашон то ба имрӯз садҳо нафар шаҳрвандони мо, хусусан ҷавононро ба доми макру найранги худ даровардаанду ба қавле теъдоди гуруҳҳои худро зиёд карданианд.
Аз ин лиҳоз, ҷавонони азиз, донишҷӯёни гиромӣ, шумо ҳамагӣ зодагони даврони истиқлолиятед. Ва аз наслҳои хушбахти замон. Бо чашми худ ҳамаи ин ободиҳоро дида истодаед. Маҳз файзи Истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва ғамхориҳои падаронаи Сарвари давлатамон аст, ки имрӯз шумо аз миёни шояд чандин нафар сазовори номи донишҷӯи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардидаед. Ва он ҳам бошад тариқи квотаи Президантӣ. Ба ҳамин хотир ҳифзи амнияту ваҳдати миллиро вазифаи ҷоноҷон қарор додани шумо аз маданияту фарҳанги волоятон хабардор мекунад.
Файзов Э.М. иброз доштанд, ки терроризм ба дини мубини ислом ҳеҷ алоқа надорад. Террорист ватан, мазҳаб, дин ва хешу қавмият надорад. Террорист ба ҳеҷ кас раҳм намекунад.
Дар баробари суханҳои боло, Файзов Э.М., инчунин оид ба хатари авҷ гирифтани мавҷи дуюми бемории коронавирус дар давлатҳои ҷаҳон, хусусан ҳамсоякишварҳо низ андешаҳои худро баён сохта, иброз доштанд, ки донишҷӯёни дар донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекарда, ҳамагӣ табибони ояндаанд. Ва бояд барои солимии ҷомеа дилсӯз бошанд. Аввалан гигиенаи шахсии худ ва баъдан ҷомеаро ҳифз намоянд. Дар ҷойҳои серодам ва ҷамъиятӣ безарурият гашту гузор кардан хилофи талаботи беҳдоштист.
Дар интиҳо, миёни донишҷӯёну кормандони шуъбаи фарҳанг дар мавзӯъҳои болозикр саволу ҷавоб ва маслиҳату машваратҳо ба амал омад. Донишҷӯён ба устодон барои аз хобгоҳашон боздид намудан ва ташкил кардани чунин як ҷамъомади айни муддао изҳори миннатдорӣ баён сохтанд.
Насима Сулаймонова, мутахассиси шуъбаи фарҳанг