Вохӯрии омӯзгорони кафедраи НТҶ дар хобгоҳи №5
Санаи 1-уми ноябри соли 2018 навбатдорони кафедраи Нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб барои дидан аз шароити зисти донишҷӯён ба хобгоҳи № 5-и донишгоҳ ташриф оварданд. Дар вохӯрӣ бо донишҷӯён бахшида ба чорабинии дар пеш истода яъне ба фаъолият огоз намудани агрегати якуми Неругоҳи Обии Барқии Роғун, ки санаи 16-уми ноябри соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад таҳти мавзӯи «Роғун мекунад хонаи моро нурафшон» сӯҳбат намуданд. Дар ҷараёни навбатдорӣ омӯзгорони навбатдор аз шароити зисти донишҷӯён бохабар шуда, дар бораи риоя намудани гигиенаи шахсӣ ва чамъиятӣ дар хобгоҳ маслиҳатҳои муфид доданд. Дар ҳар ошёна алоҳида толорҳои хониш ҷои хӯрокпазӣ, ҳаммом ва ҳоҷатхона вуҷуд дорад, ки донишҷӯён самаранок истифода мебаранд. Барои хубтар намудан ва риояи қоидаҳои санитарӣ гигиенӣ дар ошхонаҳо ва ҳаммоми хобгоҳ, риояи қоидаҳои бехатарӣ маслиҳатҳо дода шуданд. Инчунин, бо донишҷӯён оиди муқаддасоти миллӣ, гиромидошти осори ниёгон, худшиносию ватанпарварӣ ва дигар ғояҳои ахлоқӣ сӯҳбатҳо гузарониданд. Ҳангоми ташрифоварӣ дар хобгоҳ донишҷӯён дар толорҳои хониш сармашқи хондан ва тайёрӣ ба имтиҳонҳо буданд. Дар фароварди вохӯрӣ омӯзгорони кафедра ба саволҳои донишҷӯён ҷавобҳои саҳеҳ доданд ва донишҷӯён аз ҷавобхои омӯзгорон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Шарифзода Ф. Ҷ., масъули бахши тарбияи кафедраи
нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб