Вохӯрӣ оиди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни хориҷӣ

Санаи 5 феврали соли 2019 аз тарафи раиси Шӯрои бонувон Ҳоҷиева Г.Б., дотсенти кафедраи ҷомеашиносӣ Абдулхаев К. ва муаллими калони ҳамин кафедра Назаров Ш. дар хобгоҳи №2 бо донишҷӯёни хориҷӣ вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар ин вохӯрӣ оиди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26-уми декабри соли 2018 шуда буд, гуфтугузор шуд.

Раиси Шӯрои бонувон рӯйдодҳои муҳимму хотирмони соли 2018, давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, зиёд шудани шумораи занон дар мансабҳои роҳбарикунанда то 19,0% ва хизматчиёни давлатӣ то 25,0%, ки дар Паём омадааст, баррасӣ намуд.

Дотсенти кафедраи ҷомеашиносӣ Абдулхаев К. бо забони англисӣ ба донишҷӯёни хориҷӣ аз Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон таҳсилкунанда рӯзҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта, истифодаи самарабахши нерӯи барқ, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, вохӯрӣ бо президентони ба мо дӯст ва ҳамсоя, дӯстии халқҳо гуфта гузашт.

Сардори донишҷӯёни хориҷӣ аз Афғонистон Абдулҷаббор Содот аз курси 5-ми факултети тиббӣ вохӯриро дар сатҳи хуб ташкил намуд.

Г.Б. Ҳоҷиева, раиси Шӯрои бонувон 


08.02.2019 632

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php