Вохўрӣ дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ

Вохўрӣ дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ба номи академик М. Осимӣ
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 сентябри соли ҷорӣ, дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, бо ҷавондухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе, мулоқот гузаронид. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштарак Ризоева Н. намоянда аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну анъанаҳо, Азимова Н. намояндаи шўъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримов М. нозири хадамоти пешгирии падидаҳои номатлуб, Ватанова Н. намоянда аз маркази зидди ВНМО, Розиқов Д. намоянда аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, баромадҳо намуданд.
Мавзўъҳо бахшида ба оилаи солим, саломатӣ, пошхўрии оилаҳо, сулҳу субот дар Ватан, дастовардҳои Истиқлолият, вохўриҳои имомхатибҳо бо мардум, ҳисси ватандўстӣ, ҳаракатҳо ва равияҳои экстремистӣ, ҷавонон ҳамчун ояндаи давлату миллат, бемории ВНМО буданд.
30 нафар донишҷўдухтарони курси 2 факултаи тиббӣ дар чорабинӣ иштирок намуда, бо тассуроти хотирмон баргаштанд.
Шўрои бонувон

23.09.2019 960

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php