Вохӯрӣ дар хобгоҳи №6

Вохӯрӣ дар хобгоҳи №6

       Мутобиқи нақшаи кории Шуъбаи тарбия ва фарҳанг ҷиҳати гузаронидани суҳбату вохӯриҳо ва чорабиниҳои тарбиявӣ дар хобгоҳҳо санаи 25.12.2018 аз хобгоҳи №6 дидан намудем. Ҳолати санитарию гигенӣ ва тартибот дар хобгоҳ қаноатбахш аст, аммо ҷиҳати беҳтар намудани кор ба комендант ва кормандони хобгоҳ тавсияҳои зарурӣ дода шуд. Дар толори хониши ошёнаи якум атрофи мавзӯи “Ифротгароӣ-зуҳуроти номатлуби замони муосир” ва қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ суҳбат гузаронидем. Дар сархатти Паёми имсолаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шудани масъалаи зуҳуроти экстремизм ва терроризм ҳамчун хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ аз ҳар шаҳрванди равшанфикр тақозо мекунад, ки вобаста ба ин масъала бетараф набошанд.

       Президенти кишвар ба вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза диққати махсус дода, дар Паём масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ, мубориза бо гуруҳҳои экстремистӣ-террористӣ ва афзоиши шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароиро мавриди баррасӣ қарор дод.

     Боиси тазаккур аст, ки дар замони муосир “терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон таҳдид карда, барои башарият хатари бузургро ба миён овардааст” ва ҳар як шахси худогоҳ ва ватандӯстро лозим аст, ки бо тамоми масъулият дастаҷамъона баҳри амнияти ватан бар муқобили ин вабо мубориза барем.

                                                                            Шуъбаи тарбия ва фарҳанг 


28.12.2018 1196

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php