Вохўрӣ дар хобгоҳи №4

Вохўрӣ дар хобгоҳи №4
Дар хобгоҳи №4 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино 27.09.2019с. вохўрӣ бо духтарони хобгоҳдоир шуд. Раиси Шўрои бонувон дар бораи зисту зиндагонии духтарон, тозагӣ, риояи реҷаи хобгоҳ, риояи пўшидани либосҳои расмӣ, сўҳбат гузаронид. Инчунин дар бораи Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои Истиқлолият, шароитҳои хондан ва кор кардан барои духтарон ва занон, ба кор даромадани агрегати дуюми нерўгоҳи барқии обии Роғун, дўстии халқҳои ҳамсоя, пос доштани сулҳу субот дар мамлакат суханронӣ кард. Дар хобгоҳи №4, асосан духтарон аз курсҳои гуногуни факултети тиббӣ зиндагонӣ мекунанд, чанд духтарони фаъоли хобгоҳ баромад намуда, фикрҳои худро оиди ин масъалаҳо баён намуданд.
Шўрои бонувон

03.10.2019 516

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php