Вохӯрӣ бо рассомон
07.11. соли 2019 бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид дар толори иттифоқи рассомони Тоҷикистон бо рассомони миниатюрнигорон вохӯрӣ баргузор шуд.
Дар ин толор намоишгоҳи корҳои эҷодии рассоми халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, миниатюрнигор, гирандаи ҷоизаҳо дар Эрон, Алҷазоир, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, эҳёкунандаи равияи Камолиддини Беҳзод, Олим Камолов ба намоиш гузошта шуд. Намоиши мазкур “Пайроҳаи мерос” ном дорад, дар ин чорабинӣ 5 нафар бонувон шогирдони ҷавони рассом Чалолова Парвина, Камолова Бону, Бойматова Муноҷот, Саъдуллоева Муниса, Саъдуллоева Аниса иштирок доштанд.
Донишҷӯдухтарони факултетҳои тиббӣ ва фармасевтии МТД “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” аз миниатюраҳои давраи асри XV, ки бо нигоҳи муосир тасвир шудаанд, дидан карда, бо рассомон сӯҳбат доштанд.
Дар рафти сӯҳбат доир ба нозукиҳои касби рассомӣ ва нигораҳо бо мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии кишвар, ки диққати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб мекунад, мубодилаи афкор доир гардид. Дар фарҷоми сӯҳбат донишҷӯдухтарони донишгоҳ таассуроти худро оид ба расмҳои намоишӣ ва ин ҳунари зебои миниатюрӣ тавассути шабақаи телевизионӣ иброз доштанд.
Шӯрои бонувон