Вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони курси якуми факултети фармасевтӣ

Вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони курси якуми факултети фармасевтӣ
12.12. соли 2019 дар толори №101 бинои асосӣ вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони курси якуми факултети фармасевтӣ гузаронида шуд. Раиси Шӯрои бонувон бо ҳамроҳии мутахассис-гинеколог аз маркази ташхисию табобатии донишгоҳ Юлдошева М.У. дар маҷлис дар бораи таълиму тарбия, муҳайё будани ҳамаи шароитҳо барои хониш ва зиндагӣ дар хобгоҳҳо, вуҷуд доштани китобхонаи электронӣ дар донишгоҳ, пӯшидани либосҳои тавсиявии аз тарафи Вазорати маориф ва илм тасдиқ шуда, дастовардҳои донишгоҳ, конференсияҳои илмии донишгоҳӣ, Истиқлолияти давлатӣ, риояи беҳдошти шахсии духтарон, масъалаҳои шахсии онҳо суханронӣ намуданд. Оиди муроҷиати духтарон бо саволҳои гуногун ва шахсии худ ба Шӯрои бонувон ва маркази табобатию-ташхисӣ гуфтугузор шуд. Руйхати духтарони фаъоли курси якуми факултети фармасевтӣ тартиб дода шуда, сардори духтарон интихоб гардид. Чорабинӣ дар фазои ором ва боваринок гузашт.
Шӯрои бонувон

14.12.2019 354

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php