Вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони факултети стоматологӣ

Вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони факултети стоматологӣ
13.12.соли 2019 дар толори хониши кафедраи биологияи шаҳраки «Шифобахш» вохӯрии донишҷӯдухтарони курси якуми факултети стоматологӣ бо раиси Шӯрои бонувон Ҳоҷиева Г.Б. ва мутахассис аз маркази ташхисию табобатии донишгоҳ Юлдошева М.У. гузаронида шуд. Ҳоҷиева Г.Б. оиди риояи либоси тавсиявии расмӣ, қоидахои донишгоҳӣ, бомуваффақият аз акредитатсия гузаштани донишгоҳ, таълим ва тарбияи духтарон, шомил нашудан ба гурӯҳҳои экстремистӣ, пошхӯрии оилаҳо суханронӣ намуда, инчунин дар бораи дастовардҳои донишгоҳ, сохтор ва талаботҳои донишгоҳ посух дод.
Юлдошева М.У. намоянда аз маркази ташхисию табобатӣ, ки ихтисосаш гинеколог аст, дар бораи гигиена ва сари вақт аз муоинаи тиббӣ гузаштани духтарон, дар вақти ба миён омадани саволҳо ба марказ муроҷиат намудани духтарон маълумот дод. Дар чорабинӣ бисёр саволу чавобҳо шуда духтарон аз вохӯрӣ қаноатманд гардиданд. Чорабинӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ гузашт.
Шӯрои бонувон

14.12.2019 488

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php