Вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарон

Вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарон

Мувофиқи нақшаи Шӯрои бонувон 5-уми ноябри соли 2020 бо донишҷӯдухтарони курси 1, гурӯҳҳои 56-59, факултети тиббӣ вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Оиди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади тақдирсоз, ки ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, раиси Шӯрои бонувон Ҳоҷиева Гулнора Бобоевна гуфта гузашт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба панҷгонаи конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардидааст,зеро дар 10 боб ва 100 моддаи он тамоми паҳлӯҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос гардида, заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.

Инчунин дар бораи фарҳанги миллӣ, дар хусуси риояи низом, беҳдошт ва тартиботи дохилидонишгоҳӣ, пешгирии шомилшавии ҷавондухтарону занон ба гурӯҳҳои экстремистӣ, худогоҳии миллӣ, дар бораи танзими ҷашну маросимҳо суханронӣ шуд. Корҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии коронавируси COVID-19 низ гузаронида шуд.

Шӯрои бонувон


10.11.2020 335

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php