Устодони донишгоҳ дар меҳмонии Радиои Фарҳанг
Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 1-уми сентябри соли ҷорӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар дарси дониш ироа гардида буд, дар барномаҳои ВАО, аз ҷумла ба воситаи радиову телевизионҳои давлатӣ оиди гиёҳдармонӣ ва васеъ ба роҳ мондани истеҳсоли васоити шифоии гиёҳҳои ватанӣ андешаҳо ва пешниҳодҳои зиёде қайд карда шуд.
Маҳз таъкидҳои Пешвои миллат дар хусуси тақвият бахшидан ба омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ, алалхусус дорусозӣ аз ҳисоби захираҳои табиии ватанӣ ва нигоҳ доштани вазъӣ солимиии аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, моро ба тарбияи насли наврас дар масири пурифтихори ватандорӣ, қадрдонии дастовардҳои пурқиммати таърихӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи муҳити атроф ва тарбияи экологӣ равона созад.
Дар пояи ин ташаббусот 21-уми сентябри соли 2018 муовини декани факултети тиббӣ оид ба корҳои тарбиявӣ Бурҳонова З.У. дар Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи Радиои Фарҳанг – «Ватани мо Тоҷикистон» дар пахши мустақим иштирок намуда, ба саволҳои сомеони радио дар бораи растаниҳои шифобахши Тоҷикистон, усулҳои ҷамъоварӣ ва дуруст истифода бурдани онҳо посух доданд.
Деканати факултети тиббӣ