Ҳушёрии сиёсӣ-омили суботи ҷомеа

Ҳушёрии сиёсӣ-омили суботи ҷомеа

Тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, тарбияи ҳисси баланди масъулияти ҷавонон дар ташаккул ва нигоҳдошти ҳофизаи таърихӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва зуҳуроти номатлуб, муборизаи беамон бо решадавонидани ҷараёнҳои тундгаро дар ҷомеа мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино қарор дорад.

Дар робита ба ин 23-юми апрели соли ҷорӣ раёсати Донишгоҳ бо мудирони ҳамаи кафедраҳо ва масъулони бахши тарбияи кафедраҳои Донишгоҳ дар мавзӯи «Ҳушёрии сиёсӣ- омили суботи ҷомеа» ҷаласа доир намуд.

Дар ҷаласаи мазкур муовини ректор оид ба таълим д.и.т., профессор Ибодов С.Т. аз ҳадафи баргузории ин ҷаласа сухан карда, доир ба мавӯъҳои мубрами ҷомеаи имрӯза, аз қабили дастовардҳои даврони Истиқлолият, тарғиби арзишҳои волои фархангӣ ва миллӣ, ташаббусҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ дар кишвар, ваҳдати миллӣ, ифтихор аз ватандорӣ, худогохӣ ва худшиносии миллӣ, ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, масъалаҳои таълиму тарбияи ҷавонон, ташаккули маънавиёти ҷомеа, ташвиқи тарзи ҳаёти солим, масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, истифодаи дурусти шабакаи иҷтимоии Интернет, пешгирии истифодаи шабакаи иҷтимоии Интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ, хушунату зуроварӣ ва падидаҳои номатлуб дар замони муосир ибрози андеша намуд.

Ният ва хоҳиши неки Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ин аст, ки фазоӣ Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ҳамеша тинҷу осуда, ҷавонон фарҳангдӯст, боақлу фаросат, саҳмгузор, донандаи забонҳои муосир ва пайрави арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Презеденти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд.

Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.т., дотсент Қурбонбекова П. Қ. дар баромади худ кайд намуд, ки тайӣ даҳсолаи охир вазъияти сиёсии ҷаҳон ногувор, фаъолияти гурӯҳҳои инфиротии террористӣ пуршиддат ва хатари онҳо характери ҷахонӣ касб намудааст. Ҳамчунин, доир ба ҳатмӣ будани риояи сару либоси тавсиявӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳ сухан намуд. Созмонҳои инфиротӣ, гурӯҳҳои мухталиф ва шахсони алоҳидаи фурӯхташуда кушоду равшан амал намуда, барои амалӣ сохтани ақидаҳои ифротӣ ва харобиовари худ аз ҳар гуна имконот мехоҳанд истифода намоянд. Мо шоҳиди он мешавем, ки маҳз ҷавонон ба доми ин гурӯҳҳо афтода, қурбони фиребу найранги онҳо мегарданд. Мо бояд ҷавононро водор намоем, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, аз пайи баланд бардоштани дониш ва малакаи касбии худ бошанд.

Инчинин қайд карда шуд, ки дар дарсҳои тарбиявӣ датурамалҳои методӣ “Азҳобе, ки ҳамсафи гурӯҳҳои террористӣ ҳастанд. Ақида ва пайдоиши онҳо” ва “Терроризм вабои аср”, ки аз ҷониби омӯзгорон ва аъзои гурӯҳи аналитикии донишгоҳ, зери назари ректори донишгоҳ профессор Гулзода М.Қ. таҳия ва нашр шудааст васеъ истифода бурда шавад.

Дар фарҷом, доир ба пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён ва кормандон мубодилаи афкор сурат гирифт.

С.А. Таибов, Сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия


3
2
1
26.04.2019     109