Ҳунарҳои мардумӣ ва пайки зебописандӣ

Ҳунарҳои мардумӣ ва пайки зебописандӣ

     Рӯзи 21-уми ноябри соли ҷорӣ донишҷӯёни гурӯҳи 59 тиббӣ, курси I бо роҳбарии мураббӣ Н.Б.Зуҳуров-муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ ба манзури ошноӣ бо намунаи тамаддуни моддии сокинони бумии Осиёи Миёна-тоҷикон аз осорхонаи мардумшиносии ба номи М.С. Андреев диду боздид намуданд, ки иқдоми мазкур дар ҳамоҳангӣ бо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иттифоқ афтод. Қобили қайд аст, ки забони таълими гурӯҳи мазкур англисӣ буда, тору пуди он аз матои нафиси интернатсионализми воқеӣ сиришта шудааст ва дар таркиби он шаҳрвандони Тоҷикистон, Афғонистон, Финландия ва Олмон уфуқҳои барояшон ҳанӯз ноошнои илми пизишкиро бо азму ҷазми рустамона месипаранд.

    Тавре ки аз тавзеҳоти Н.Р. Воситова-корманди собиқадори ниҳоди мазкур маълум гашт, ҷамъоварии нахустин ашёи намоишӣ барои осорхонаи оянда тобистони соли 1943 таҳти роҳбарии донишманди машҳур М.С. Андреев аз Бадахшон оғоз ёфта, гурӯҳи эъзомӣ аз ин сафар тақрибан 143 адад экспонатро ба Сталинобод мерасонад. Алҳол дар захираи ин муассиса анқариб 12000 экспонат вуҷуд дорад, ки ба сарулибоси миллӣ, маснуоти ороишии занона, маҳсулоти кулолӣ, асбобу анҷомҳои корӣ, дастгоҳҳои наддофию ҳаллоҷӣ, намунае аз зарфҳои мисин, созҳои мусиқӣ, ҳунари кандакорӣ, ашёи вобаста ба оростани кадбонуи оянда пеш аз баргузории маҳфили арӯсӣ ва ғайра мансуб буда, ҳамагӣ аз гӯшаю канори ҷумҳурию манотиқи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ба даст омадаанд. Ҳамчунин дар гӯшаи алоҳида бахшида ба занони машҳури ҷумҳурӣ намоиши аксҳоро созмон дода буданд, ки хеле ҷолибу диданӣ ба назар меомад ва мо аз ин намоишгоҳ низ таассуроти зиёд ҳосил намудем. Қобили қайд аст, ки қидмату собиқаи баъзе экспонатҳои осорхона ба қарни XVІІІ мелодӣ бармегардад.

     Донишҷӯйи гурӯҳн Надин Бингул (шаҳрванди турктабори Олмон) бо шӯру шавқ изҳор намуд, ки банда пас аз вуруд ба Тоҷикистон дафъаи дувум аст, ки ба осорхонаи мардумшиносӣ сар мезанам, вале лаззату кайфияти ҳосилшуда аз ин диду боздид васфнопазир аст ва кас наметавонад аз завқу ҳунари нозук ва хаёлбарангези косибони тоҷик ба шигифт наояд.              

 

А. Мирзохонзода-донишҷӯйи гурӯҳи 59 тиббӣ, курси I


14.12.2018 456

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php