Ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ҳамбастагӣ

Ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ҳамбастагӣ

     Рӯзи 23-юми ноябри соли ҷорӣ донишҷӯёни гурӯҳи 6-уми хориҷӣ (ҳамагӣ зодагони Ҳиндустон), курси I бо роҳбарии мураббӣ Н.Б.Зуҳуров-муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ аз осорхонаи мардумшиносии ҷумҳурӣ ба номи донишманди шинохта М.С. Андреев диду боздид намуданд, ки иқдоми мазкур ба суйи бузургдошти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (яъне соли 2018) нигаронида шуда буд.

      Ончунон ки аз нақлу ривояти мудири осорхона Т.Қ. Ашурмадова маълум гашт, ҷамъоварии нахустин ашёи намоишӣ барои осорхонаи оянда тобистони соли 1943 таҳти роҳбарии донишманди машҳур М.С. Андреев аз Бадахшон оғоз ёфта, худи музей соли 1981 таъсис ёфтааст ва зимнан калонтарин ниҳоди ҷумҳурӣ дар ин замина ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар захираи ин муассиса анқариб 12000 экспонат вуҷуд дорад, ки ба сарулибоси миллӣ, маснуоти ороишии занона, маҳсулоти кулолӣ, асбобу анҷомҳои вобаста ба деҳқонӣ, оҳангарӣ ва заргарӣ, инчунин дастгоҳҳои наддофию ҳаллоҷӣ, намунае аз зарфҳои мисин, созҳои мусиқӣ, ҳунари кандакорӣ ва ғайра мансуб буда, ҳамагӣ аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва манотиқи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ба даст омадаанд. Ҳангоми вуруди мо  дар гӯшаи алоҳида бахшида ба занони машҳури ҷумҳурӣ намоиши аксҳоро созмон дода буданд, ки хеле ҷолибу диданӣ ба назар меомад ва мо аз ин намоишгоҳ низ таассуроти зиёд ҳосил намудем.

     Махсусан бо чашми сар дидани намунаҳои ҳунари читгарӣ, ки реша дар тамаддуни моддии Ҳинд дорад ва имрӯз танҳо дар Истаравшан побарҷост, ба мо таассуроти амиқ бахшид. Гузашта аз ин, метавон шабоҳатҳоеро дар заминаи ҳунари кордсозӣ, кулолгарӣ, олотҳои вобаста ба кори кишоварзӣ, созҳои мусиқӣ ва ғайра дарёфт намуд, ки аз гуфтугӯи фарҳанги мардумони ҳинду тоҷик гувоҳӣ медиҳад.

       Месазад, ки донишҷӯёни хориҷии дигар низ аз ин иқдом пайравӣ намоянд, то ин ки ба таъриху фарҳанги диёри Рӯдакӣ амиқан сар фурӯ баранд ва аз ин раҳгузор саҳме дар нерумандтар шудани робитаҳои дӯстонаи ду кишвари таърихан бо якдигар ҳамреша-Ҳиндустону Тоҷикистон гарданд.              

 

Муҳаммд Раҳил -донишҷӯйи гурӯҳи 14 хориҷӣ, курси 2

 


14.12.2018 489

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php