Ҳунарҳои донишҷӯдухтарони факултети нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ

Ҳунарҳои донишҷӯдухтарони факултети нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ
Бахшида ба «Соли рушди деҳот, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ» 19.12. соли 2019 бо донишҷӯдухтарони курси якуми факултети нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ вохӯрӣ гузаронида шуд. Раиси Шӯрои бонувон Ҳоҷиева Г.Б. оиди баланд бардоштани нақши занону ҷавондухтарон дар ҷомеа суханронӣ намуда, оиди ҳунаромӯзӣ, рӯ овардан ба касбу ҳунарҳо, ҳамчун амали беҳтарин, соҳибэҳтиромии шахси ҳунармандро қайд намуд. Духтарони эҷодкор ва зебопараст дар баробари дарсомӯзӣ бо завқу шавқ аз ҳунарҳои худ, аз ҷумла мӯҳрабофӣ, гулдӯзӣ, куртадӯзӣ, бофандагӣ, сохтани гулдонҳо, гарданбандҳо, гуфтаниҳо карданд. Мусофирзода Раҳима «Нури ҳама», Мавлуданисои Илҳомзода «Сулҳ», Шокирова Адиба «Аз қаъри гили сияҳ», шеъру андешаҳои худро иброз карда, бо рӯҳи баланд қироат карданд. Ҷӯраева Шукрона ва Зариф Билқис аз Афғонистон мусаввараи худро бо харитаи Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Духтарон барои дар намоишгоҳи ҳунарӣ иштирок намудан тайёрии худро дида истодаанд.
Шӯрои бонувон

21.12.2019 586

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php