Қудрати мо дар дӯстист
Ман як тан аз духтарони хушбахти Бадахшон ҳастам, ки соли 2016 тариқи Квотаи президентӣ аз ноҳияи Шуғнон ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил гашта, имрӯз дар курси сеюм бомуваффақият таҳсил карда истодаам. Албатта, ҳар пешравӣ ва ҳар муваффқияте, ки мо дар оянда ба он ноил мешавем, пеш аз ҳама ба ваҳдату ягонагии мардумони кишвари азизамон ва рушду нумӯи пайвастаи он вобастагии қавӣ дорад.
Ба ҳар шахси худогоҳ маълум аст, ки вазъи имрӯзаи сиёсӣ қариб дар тамоми дунё ба таври бесобиқа ноором гаштааст. Давлатҳои манфиатҷу бо мақсади амалӣ сохтани ҳадафҳои геополитикии худ аз самтҳои сусти иқтисодӣ ва сиёсии дигар давлатҳо истифода бурда онҳоро ба кашмакашҳои нолозими сиёсӣ мекашанд ва бо ин вазъиятро дар нуқтаҳои гуногун нооором месозанд. Шукри худо, ки мову Шумо беш аз 20 сол аст, ки дар як давлати орому тенҷ зиндагонии осуда ба сар бурда истодаем ва ин ҳама аз баракати сиёсати сулҳҷуёнаи роҳбарияти олии мамлакат ва иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Имрӯз Тоҷикистон ба яке аз минтақаҳои амнтарини сайёра мубаддал гаштааст, вале набояд фаромӯш сохт, ки душманони халқу миллати тоҷик ҳоло ҳам ором нагирифтаанд ва онҳо аз ҳар гӯшаи дунё дар сурати «ҳомиёни дину демократия» овоз баланд карда, мардумро боз ба парокандагӣ ва нооромӣ кашиданӣ мешаванд. Таърих бояд барои ҳар яки сабақи ҷиддӣ диҳад. Мо бояд аз гузаштаи на чандон дур ибрат гирифта, дӯстро аз душман ҷудо карда ва ба душманони дӯстнамо ҷавоби мувофиқу қотеона гардонида тавонем. Зеро агар равшантар нигоҳ кунем, «мубаллиғони имрӯзаи дину демократия» боқимондаи ҳамон саркардаҳоеанд, ки солҳои навадуми асри гузашта, як бор тирашон хок хурдаву акнун дар либоси дигар боз ниятҳои нопоки худро амалӣ кардан мехоҳанд.
Шукр, ки мо ҷавонони минтақаҳои гуногун имрӯз дар пойтахти мамлакат чун фарзандони як оила зиндагӣ ва таҳсил карда истодаем ва ман боварии комил дорам, ки ин дӯстию рафоқати моро ҳеҷ қувваи дохилию хоричӣ рахна карда наметавонад. Аз ҳамсабақони худ бошад даъват менамоям, ки дар атрофи давлату ҳукумати соҳибистиқлоламон боз ҳам зичтар муттаҳид бошанд ва барои боз ҳам ободу зебо гаштани Тоҷикистони азизамон ҳар нафар худро масъул шуморад. Зеро муттаҳидии мо ҷавоби қотеъ ва раднашавандаест ба душманони миллат, ки ба парокандагии мардум ва ноамнии ин минтақаи биҳиштосо манфиатдоранд. Мо ҳаргиз ба чунин душманони миллат роҳ намедиҳем, ки ба саҳифаҳои рахшони таърихи халқамон дубора хати сиёҳ кашанд.
Маҳфиза Давлатбекова,
донишҷӯи курси3, фак. тиббӣ