То тавонӣ дӯстонро гум макун…

То тавонӣ дӯстонро гум макун…

Дӯстию бародарӣ ва робитаҳои фарҳангӣ байни халқу миллатҳои гуногун яке аз масъалаҳои муҳими танзимкунандаи амну осоиш ва оромии ҷомеаи ҷаҳон ба шумор меравад. Аз ин хотир, роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ ба ин масъала эътибори махсус дода, бо тамоми мамлакатҳои хориҷи дуру наздик муносибатҳои хуби дӯстонаро ба роҳ мондааст.

Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ яке аз ниҳодҳое мебошад, ки бевосита ба таҳким ва рушди чунин муносибатҳо дар мамлакат ва берун аз он фаъолият мебарад. Боиси ифтихор аст, ки Раёсати донишгоҳи мо аъзои ҷамияти мазкур буда, дар ҳамкорӣ бо аҳли кормандони он чорабиниву ҷашнвораҳои муштарак барпо менамояд.

Санаи 28-уми декабри соли равон дар маҷлисгоҳи Маркази илмӣ ва фарҳангии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ, бахшида ба 95-солагии таъсисёбии ҷамъияти номбурда ва 75-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони сафоратхонаҳои давлатҳои Россия, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озорбойҷон иштирок доштанд. Дар ин ҷамъомади бонуфуз аз донишгоҳи мо дастаи «Шифо» бо даъвати Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ ширкат намуданд.

Ҷамъомадро раиси ҷамъият С.Хайруллоев оғоз бахшида, сипас намояндагони сафоратхонаҳо ва дигар аъзои ҷамъият дар бораи самтҳои мухталифи фаъолият ва роҳҳои самараноки густариши муносибатҳои дӯстиву робитаҳои фарҳангӣ суханронӣ намуданд.

Намоиши барномаи консертии дастаи «Шифо», ки сурудҳо бо мавзӯъҳои ватандӯстию иди Ғалабаро бо забонҳои иштирокчиёни форум дар бар мегирифт, дар фарҷоми ҷамъомад писанди аҳли толор гардида, ба маҳфил ҷилои фарҳангӣ бахшид. 

Бахши маркетинги иҷтимоии

Хадамоти ректори донишгоҳ


3
2
1
29.12.2020 972

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php