Таъсиси гуруҳи волонтёрон аз ҳисоби ординатору интернаҳо

Таъсиси гуруҳи волонтёрон аз ҳисоби ординатору интернаҳо
Маҳфили «Ҷаъмияти табибони ҷавон»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуъбаи кор бо ҷавонон бо мақсади ташкили дастаи волонтёрон аз ҳисоби донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ ва ординатору интернаҳо вобаста ба додани маълумоти бештар нисбати «Коронавирус» ва вазъияти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе, дар толори Раҳимови бинои асосии донишгоҳ бо иштироки зиёда аз 100-нафар донишҷӯён сӯҳбат-вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар чорабинии мазкур директори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим Парвина Мухторовна, мудири кафедраи бемориҳои сироятӣ Раҳмонов Э.Р., муовини ректор оид ба тарбия Қурбонбекова П.Қ., роҳбари маҳфили «Ҷаъмияти табибони ҷавон»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралиев.Б. ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» Шарифов Қ.О. иштирок намуданд.
Бояд зикр намуд, ки ташкил ва баргузор намудани чунин сӯҳбат-вохӯрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе баҳри маълумоти бештар додан нисбати «Коронавирус» ва роҳҳои пешгирии сироят ба он мусоидат намуда, то андозае нигаронӣ ва ба таҳлука афтидани мардумро нисбат ба «Коронавирус» паст менамояд.
Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О.


17.03.2020 645

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php