Ташрифоварӣ ба хобгоҳ
Дар таърихи 2-юми январи соли 2019 аз ҷониби кормандони кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ – ассистентон Азизов Х.Д. ва Валиев Ш.Н. ба хобгоҳи рақами №7-и донишгоҳ ташриф оварда, доир ба мавзӯъҳои «Риояи қоидаҳои дохили хобгоҳ» ва «Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор бо дастгоҳҳои барқӣ» «Тоза нигоҳ доштани ҳуҷраҳо» сӯҳбат гузарониданд.
Ҳаминро бояд қайд кард, ки дар чорабинии мазкур донишҷӯён иштироки фаъолона доштанд. Ба саволҳои донишҷӯён омӯзгорон ҷавобҳои мусаҳҳеҳ доданд. Пас аз вохӯрии мазкур кормандони кафедра бо шароити зисту зиндагии донишҷӯен ва ҳуҷраҳои онҳо шинос гардидаанд. Инчунин, ба донишҷӯён оиди ботартиб ва тозаю озода нигоҳ доштани ҳуҷраҳои зисти худ, роҳравҳо ва истифодабарии дурусти таҷҳизотҳои дар бинои мазкур ҷойгир буда, тавсияҳои судманд доданд.
Кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ