Ташриф ба хонаи нафақахӯрон ва маюбони шаҳри Душанбе
Дар таърихи 20 декабри соли 2018 донишҷӯёни курси 2-юми факултети стоматологӣ бо куратори гуруҳи 4 Тохтаходжаева С.Т. ба маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маюбони шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Коргарони ин муассиса ташрифовардагонро бо чеҳраи кушод ва муносибати хуб пешвоз гирифтанд.
Донишҷуён пиронсолонро бо табрикоти солинавӣ, шеърхонӣ ва намоиши рақсҳо хурсанд карданд, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим карданд. Пиронсолон аз баромадҳои донишҷӯён хеле шод гаштанд ва ҳатто ба рақси онҳо ҳамроҳ шуданд. Пиронсолон ба донишҷӯён дуои хайр, бавоярасии мутахассисони пешқадам, бо фарҳанг таманно намуданд.
Донишҷӯён аз ин ташриф ҳисси инсондустӣ, ватандорӣ, ҳисси миллӣ ва ҳурмату эҳтироми калонсолон, меҳрубонӣ нисбати ниёзмандон ва душвории тарбия фарзанд дарси ибрат гирифтанд.
Тохтаходжаева С.Т., мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ н.и.т., дотсент