ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТИИ «ИХВОН – УЛ - МУСЛИМИН»: РОҲ БА СӮИ ҶОҲИЛИЯТ
Терроризм ва экстремизм, ки вабои имрӯзаи асранд, ҷомеаи ҷаҳониро бештар аз ҳар вақти дигар ба ташвиш овардаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чанд сол пеш бо эҳсоси ин хатар ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дода буданд, ки ба он бетафовут набошанд ва дар ин самт тадбирҳои заруриву муассир биандешанд.
Президенти мамлакат дар анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон иброз дошта буданд, ки «Мо борҳо гуфтаем ва боз мегӯем, ки мақсади мо сохтани давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Мо ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонро дар риояи суннатҳои дини Ислом заррае маҳдуд намекунем. Алҳамдуллилоҳ ҳамаи мо мусулмонем, фарзу суннатҳои Исломро то қадри ҳол медонем ва риоя мекунем. Анъанаҳои гузаштаи халқ, фарҳангу адаби ҳазорсолаи ниёгон дар алоқамандӣ бо суннатҳои Ислом густариш ёфтааст».
Бархурди тамаддунҳо, пайдо гардидани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, беш аз пеш реша давондани терроризм ва экстремизм инчунин манфиатҳои геопалитикии абарқудратҳо ҷомеаи ҷахониро ба гирдоби буҳрони сиёсиву маънавӣ кашидааст. Дар замони муосир рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, дар замири онҳо бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ асоси пешгирикунандаи оқибатҳои манфии ифротгароӣ ба ҳисоб мераванд.
Яке аз ташкилотҳои экстремистие, ки фаъолияти тахрибкоронаи худро имрӯзҳо густариш дода истодааст ин ТТЭ «Ихвон- ул- муслимин» мебошад. Ин ташкилоти экстремистӣ амалҳои нанговари хешро дар ҷомеа аз номи дини мубини Ислом роҳандозӣ намуда бо ҳамин восита ҳадаф дорад, ки ҷавононро ба воситаи нақшаҳои нопоки зиддиисломии хеш ба доми фиреб андозад.
Бо мақсади пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи усулҳои фаъолияти тахрибкоронаи ин ташкилоти ифротгаро ва пешгирии ифротишавии ҷавонон санаи 22.12.2020 бо бошандагони хобгоҳҳои № 4 ва 7-уми донишгоҳ вохурии судманд доир карда шуд. Дар вохурӣ сардори шуъбаи тарбия Абдураҳмонов З.В дар атрофии таърихи пайдоиши ин ташкилоти экстремистӣ ва ҳадафҳои зиёновари он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ маълумоти муфассал доданд. Дар навбати худ муовини декани факултети тиббӣ Зокиров Р.А роҳҳои ҷалби ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ доданд. Дар охири вохӯрӣ донишҷӯён- бошандагони хобгоҳҳо саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Шуъбаи тарбия