Тарбияи маънавии ҷавонони донишҷӯ дар асоси андешаҳои панду ахлоқии мутафаккир ва маорифпарвари намоёни точик Ахмади Дониш

Тарбияи маънавии ҷавонони  донишҷӯ дар асоси андешаҳои панду ахлоқии мутафаккир ва маорифпарвари намоёни  точик Ахмади Дониш

     Дар кафедраи забони русӣ баргузор гардонидани конференсияҳои илмӣ-амалии донишҷӯён ба ҳукми анъана даромадааст. Ин аст, ки аз 3 то 8 декабри соли ҷорӣ силсилаи конференсияҳои донишҷӯён дар мавзӯи «Тарбияи маънавии ҷавонони донишҷӯ дар асоси   андешаҳои панду ахлоқии мутафаккир ва маорифпарвари барҷастаи точик Ахмади Дониш» доир гардиданд. Конференсияҳо мутобиқи нақшаи кафедра оид ба корҳои тарбиявӣ ба роҳ монда шуданд.

     Аҳмади Дониш зиндагии душвор, пурмашаққатро аз сар гузаронида бошад ҳам, барои насли оянда мероси бебаҳои гузоштааст. Ӯ бешубҳа чеҳраи намоёни асри 19 буда, чун олим, маорифпарвар, сиёсатмадор маъруф гаштааст.

      Донишҷӯён ва омӯзгорон дар маърӯзаҳояшон оиди ҳаёт ва эҷодиёти донишманди бузург, обрӯю эътибори ӯ дар доираҳои илмӣ сухан карданд.

     Масъулини гузаронидани конференсияҳо мудири кафедра, профессор У.Р. Юлдошев (3/ 8. 12.2018), М.А. Холматова (3/4.12.2018), Х.И.Хайрова (3/ 8. 12. 2018) буданд. Маърӯзаҳоро устодони кафедра В.А.Должикова, С.А.Ҳотамова, З.И.Шарипова, Н.Ш.Алиева, Д.Х. Султонова, Х.А.Халимова таҳия намуданд.

    Дар кори конференсия донишҷӯёни курси якуми ҳамаи факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд. Донишҷӯёни гурӯҳҳои 5,13,14,33,44,58,29-и факултети тиббӣ, гурӯҳҳои 2,4,5,6-и факултети педиатрӣ, гурӯҳҳои 1,2,3,4-и факултети стоматологӣ ва гурӯҳи якуми факултети НТҶ фаъолона иштирок намуданд.

     Кори ҳар як конференсияро мудири кафедра д.и.п., профессор У.Р.Юлдошев бо маърӯзаи худ ифтитоҳ мебахшид. Ӯ иштирокчиёни конференсияро пазироӣ намуда, бо маърӯзаи « Нақши забони русӣ дар ҳаёти ман ва халқи ман» баромад намуда, баъд суханро ба маърӯзачии навбатӣ медод.

      Дар рафти конференсияҳо махсус қайд карда шуд, ки Ахмади Дониш баъди бори аввал дидан кардани Русия ин кишварро дӯст дошт, нисбат ба забон, урфу одат, таърихи ин кишвар шавқи беандоза пайдо намуд. Бояд гуфт, ки А.Дониш ба Русия се маротиба сафар карда буд. Ҳангоми сафарҳояш забон, таърих, сохти давлатдории ин кишварро омӯхт ва ба қароре омад, ки донистани забони русӣ барои ҳалкҳои Осиёи Марказӣ воситаи пешрафт ва шиносоӣ бо маданияти аврупоӣ хоҳад шуд.

       Баъди шунидани маърӯзаҳо донишҷӯён аз асарҳои назмӣ ва насрии Ахмади Дониш порчаҳо қироат намуданд.

       Дар анҷоми конференсия филми ҳунарии «Ситораи шаб» (Тоҷикфилм), ки ҳаёт ва фаъолияти А. Донишро инъикос менамуд, намоиш дода шуд.


С.А. Хотамова, М.К. Шодиматова

Омузгорони кафедраи забони русӣ


12.12.2018 771

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php