Тарбияи касбинтихобкунии наврасон
Рӯзи 26-уми октябр дар Қасри маърифати шаҳри Ваҳдат маҳфили «Табиби халқ будан ифтихор аст» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур аҳли зиё ва хонандагони синфҳои болоии мактабҳои шаҳри Ваҳдат ширкат варзиданд. Дар маҳфил оид ба касби пуршарафи табибӣ ва нозукиҳои он суҳбати самимӣ барпо гардид. Декани факултети педиатрӣ д.и.т., профессор М.С.Табаров дар бораи илми тиб, пешаи табибӣ ва табиб бояд чи гуна шахсият бошад суҳбат ороста, ҷавонону наврасонро ба роҳи илму донишандӯзӣ, ватандӯстиву эҳтироми арзишҳои миллӣ, ҳифзи истиқлолияту ягонагӣ ва ғайра ҳидоят кард. Иҷрои сурудҳои дилнишин аз ҷониби аъзои дастаи «Шифо» ба маҳфил шукуҳи фарҳангӣ бахшид.
Шуъбаи тарбия ва фарҳанг