Таъмини қонун дар Бадахшони кӯҳӣ
Бешак давоми як моҳи охир диққати тамоми мардуми кишвар ба Бадахшон нигаронида шуда буд. Зеро дар сафари охиринашон Пешвои миллат ба ин минтақа вазъиятро дар самти иҷрои талаботҳои қонун нигаронкунанда арзёбӣ намуда, ҷиҳати ислоҳи вазъият дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки барои иҷрои ҳатмии он ҳамагӣ як моҳ муқаррар намуданд.
Инак, як моҳи имтиҳон барои мардуми Бадахшон ҳам паси сар шуд ва мушоҳидаҳо собит сохт, ки сокинони сарбаланди Бадахшон Пешвои муаззами худро сидқан азизу гиромӣ медоранд ва барои иҷрои супоришҳояшон ҳамеша камари ҳиммат мебандунду дар асоси дустуроти Пешвои муҳтарам гом мегузоранд. Маҳз аз ин хотир ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъият ва барҳам задани қонунвайронкунӣ дар ҳудуди вилоят на танҳо роҳбарони сохторҳои марбута, балки тамоми фаъолони вилоят низ заҳмат кашиданд.
Табиист, ки баъзе бо ном «озодандешон», ки аз Ватан гурехта, аз дур ба он сангандозӣ мекунанд, баръакс умедворӣ мекашиданд то вазъият дар минтақа ноором гардаду онҳо аз пайи амалӣ сохтани ҳадафҳои нопоки хеш шаванд. Вале сокинони Бадахшон, ки табиатан ҳушёр, зирак ва огоҳ буда, аз оқибатҳои бади нотинҷӣ бархурдор мебошанд «маслиҳатҳо»-и «дигарандешон» намепазиранд ва тенҷию амониро шарти асосии ободкорию созандагиҳои Ватан меҳисобанд. Дар воқеъ, Пешвои миллат Бадахшонро «дарвозаи тиллоии Тоҷикистон» номидаанд, ки ин бесабаб нест. Ин минтақаи баландкӯҳ дар баробари захираҳои бойи табиӣ боз манбаи ҷавонони ҳушманду соҳиби дониши баланд мебошад. Беҳуда раиси КДАМ-и Тоҷикистон С. Ятимов зимни яке аз суханрониҳояш ҷавонони Бадахшонро захираи тиллоии интеллектуалии Тоҷикистон наномида буд. Имрӯз зарур аст, ки ин захираҳо ҳадафмандона ва ба нафъи халқу Ватан истифода шаванд.
Бадахшон ба ғайр аз ин, макони беҳтарини сайру сайёҳии меҳмонони хориҷӣ ҳисоб меёбад, ки ин бояд мояи фахри ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бошад. Имрӯз кишвари мо бо суръати ҳайратовар тараққӣ карда истодааст. Дар Бадахшон низ давоми солҳои охир садҳо биноҳои нави маъмурию истиқоматӣ қомат рост карда, ҳазорҳо километр роҳҳо аз нав сохта, ба истифода дода шуданд, ки ин рафтуои мардумро ба дигар манотиқи кишвар хеле осон намудааст. Акнун бошад, корҳои ободонию созандагӣ дар пеш истодаанд.
Баъди чанд рӯз агрегати якуми НОБ-и Роғун дар вазъяти тантанавӣ ба кор андохта мешавад, ки барои дар минбаъда рушду инкишоф додани иқтисодиёти мамлакат ва бунёди корхонаҳои нави саноатӣ имконитятҳои нав мекушояд.
Боварӣ аст, ки ҷавонони саодатманди Бадахшон чун дигар сокинони кишвар ба ин ҳаракати созандагию ободкорӣ бо дасту дили гарм ҳамроҳ шуда, дар якҷогӣ бо дигар сокинони мамлакат Бадахшони афсонавиро ба яке аз нуқтаҳои зеботарини олам табдил медиҳанд. Аз ҳама муҳим ин тенҷиву осоиш аст, ки беш аз бист сол мардуми кишвари тозаистиқлоли мо дар фазояш ба сар мебаранд ва барои ҳифзи ин ягонагию ваҳдат ҳама сарҷамъона мубориза мебаранд.
Мазиёев М., сармуҳаррири нашрияи «Ворисони Сино»