Таҷлили рӯзи радио дар МОҚ

Таҷлили рӯзи радио дар МОҚ

Рӯзи 6-май бахшида ба рӯзи радио дар Маркази омодагии қаблӣ чорабинии муфид гузаронида шуд. Баромадкунандагон қайд намуданд, ки 124 сол пеш, яъне 7-майи соли 1895 дар маҷлиси ҷамъиятии физикону химикон олими рус омӯзгори мактаби афсарони Кронштадт А.С Попов асбоби ихтироъкардаи худро, ки воқеан радио буд, намоиш дод. Аз ҳамон рӯз сар карда 7-май ҳамчун рӯзи радио қайд карда мешавад.

Радиои ҳозира ба дастгоҳи А.С. Попов монандие надорад, аммо сохти кори онҳо аслан як хел аст.

Александр Степанович Попов 4-марти соли 1859 дар Урал таваллуд шуда, дар синни 10 солагиаш ба омӯзишгоҳи Далматовск, ки дар он ҷо бародараш Рафаил муаллими забони лотинӣ буд фиристонида мешавад. Аз ҳамон давра сар карда вай ба омӯзиши физика ва электротехника шавқу рағбати беандоза пайдо мекунад. А.С. Попов дар синни 36 солагиаш радиоро кашф дар синни 47 солагӣ аз олам даргузаштааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар замони истиқлолият бо ғамхориву дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти радиои тоҷик хеле такмил ёфт. Айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 18 радиои давлатию хусусӣ аз ҷумла “Ватан”, “Садои Душанбе”, “Азия-Плюс” ва ғайра фаъолият карда истодаанд.

Маркази омодагии қаблӣ


11.05.2019     24