Таҷлили ҷашни Меҳргон
Иди Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардумии мо маҳсуб ёфта, ҳамчун иди меҳру муҳҳабат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накӯкорӣ, тантанаи ранҷи кашидаи барзгарон аст, ки ниёгони мо баъди ҷамъоварии ҳосил таҷлил мекардаанд. Бо шарофати соҳибистиќлолии мамлакати азизамон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иду ҷашнвораҳои миллии тоҷикон аз нав эҳё гаштаву дар байни мардум ҷашн гирифта мешаванд.
Бахшида ба Иди Меҳргон рӯзи 21-уми октябр дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ дастаи «Шифо»-и донишгоҳ дар назди сокинон ва меҳмонони пойтахт бо барномаи консертӣ ҳунарнамоӣ кардаднд. Аъзои даста дар суруду таронаҳои худ меҳри Ватан, гиромидошти сарзамини ниёгон, меҳру муҳаббат ва садоќат ба диёри азизро васфу тараннум намуда, хотири тамошобинонро болида сохтанд.
Шуъбаи тарбия ва фарҳанг