Суҳбат-вохӯри бо донишҷӯён-истиқоматкунандагони хобгоҳҳои № 4, 6 ва 7
Тибқи нақша-чорабиниҳо бахшида ба истиқболи Соли навӣ мелодии 2020 оид ба баргузор намудани мулоқоту вохӯриҳо дар хобгоҳҳои донишгоҳ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, риояи реҷаи даромад, тозагии ҳуҷраҳои зист, роҳравҳо, ҷойҳои истифодаи умумӣ, истифодаи самараноки вақт, одоби шаҳрнишинӣ, риояи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва бея гон шабнишинӣ гузаронидани Соли навӣ мелодӣ, 26 декабри соли 2020, соати 17:30 дар толори калони хобгоҳи №7 вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ ҳуқуқшиносӣ донишгоҳ Саидов Ҷ.З., Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О., Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Саидов И.С., комендантҳои хобгоҳҳои №4,6,7 ва беш 100 нафар донишҷӯён иштирок доштанд. Дар вохӯрӣ аз ҷониби ҳуқуқшиносӣ донизгоҳ оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳисси ватандӯстӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ, эмин нигоҳ доштани сулҳу суботи кишварамон, азхуднамудани илм ва технологияҳои замонавӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, бе ягон шабнишинӣ гузаронидани Соли навӣ мелодӣ ва риояи талаботҳои қонунҳои дар боло зикршуда ибрози андеша карда шуд. Дар охир саволу ҷавоб миёни донишҷӯён ва аҳли раёсат баргузор гардид, ки донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои возеҳу равшан гирифтанд.
Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён
27.12.2019
575