Шанбегиҳо баҳри ободкорӣ

Шанбегиҳо   баҳри ободкорӣ

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва ҷиҳати истиқболи сазовори фасли нозанини сол — баҳор, фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, муташаккилона гузаронидани маъракаҳои кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ   дар ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино шанбегии донишгоҳӣ баргузор гардид.

Санаи 9-уми феврали соли ҷорӣ дар чорабинии ободониву тамизкорӣ донишҷӯёни курси якуми факултети тиббии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ширкати фаъолона варзиданд. Зиёда аз 150 нафар донишҷўёни ин курс дар гирду атрофи бинои асосии донишгоҳ бо сарварии декани факултет д.и.т., профессор Муҳаббатов Ҷ.Қ., муовинони декан Бурҳонова З.У. ва Раҳимова Д.С. ва ҳайъати устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ намуданд.Донишҷўёни факултет омода ҳастанд ҳар ҳафта дар корҳои ободонии сатҳи донишгоҳӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ саҳми арзанда гузоранд.

           Ҷ.Қ. Муҳаббатов, декани факултети тиббӣ, д.и.т., профессор  

  



18.02.2019     55