Сайри таърихи тоҷикон

Сайри таърихи тоҷикон

       Санаи 30-юми октябри соли 2018 ба мақсади ошнои бо таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ (гурӯҳҳои 21-22) бо роҳбарии куратори гурӯҳ Каримова А.Р. аз Осорхонаи Миллӣ дидан намуданд. Донишҷӯён дар саҳни осорхона бо навиштаҷоту ҳайкалҳои шахсони таърихӣ ошноӣ пайдо намуда, дар дарси амалӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик онро баррасӣ карда, ба саволҳои хеш аз омӯзгорон ҷавобҳои мушаххасро дарёфт намуданд. Ташкил намудани чунин чорабиниҳои характери тарбиявидошта минбаъд низ зиёдтар ба нақша гирифта хоҳанд шуд.

 Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


01.11.2018 563

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php