Сайри ҷаҳони функсияҳо (бозии дуюм)

Сайри ҷаҳони функсияҳо (бозии дуюм)

       Дар санаи 05.12.2018 дар кафедраи физиологияи нормалӣ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бозии дуюми таълимию-маърифатнок «Саёҳати шавқовар ба дунёи вазифаҳо гузаронида шуд. Дар он 15дастаи ғолибони давраи якум иштирок доштанд. Бозии дуюм аз якчанд давр иборат буд.Дар давраи якум билетҳо тақсим карда шуда буд, ки дар он супоришҳо дар намуди кроссворд буданд: як калима уфуқи ва ду калима амуди. Мавзӯи кроссворд ба физиологияи системаи дилу раг ва физиологияи умумӣ бахшида шуда буд. Ҳар як даста дар муддати 2дақиқа калимаи рамз карда шударо бояд муайян кунанд. Дар давраи аввал як даста соҳиби 3 холл , 10 дастаи дигар соҳиби 2холл гаштанд. Дар давраи дуюм сардорони даста, ки 2-3хол ба даст оварда буданд иштирок карданд. Барои онҳо мусобиқа дар намуди «давом-давом», ки Ф.А.Шукуров гузарониданд. Дастаҳои ғолибшудаи сардорҳо (7даста) дар давраи сеюм иштирок карданд. Дастаҳои ғолибият ба даст оварда (4 ва 8) дар давраи ниҳоӣ иштирок карданд. Дар натиҷа ғолиби бозӣ дастаи чорум гардид (сардори даста Мирзозода А.-31гр).


Кафедраи физиологияи нормалӣ


12.12.2018 492

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php