Санади сарнавиштсози миллат
Фардо аз қабули санади сарнавиштсози давлату миллат, яъне Конститутсияи кишвар 26 сол сипарӣ мегардад.
6- уми ноябри соли 1994 аз тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Бори нахуст дар Конститутсия дарҷ гардид, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Бо гузашти чанд соли дигар зарурияти тағйир додани сохтори мақомоти қонунбарор пеш омад ва боз ҳам бо майлу иродаи халқ аввалин маротиба дар таърихи навини кишвари мо парламенти нави касбӣ, ки иборат аз ду палата аст таъсис дода шуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шаҳодатномаи миллат барои табақаи ҷавонони кишвар низ шароити озоди зиндагиро фароҳам оварда, маҳз дар ҳар боб ва моддаи он вобаста ба зиндагии шоистаи мардум маълумот дода шудааст. Ҷавонони кишварро лозим аст, ки бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ, дар зери қонунҳои амалкунандаи кишвар, ки маҳз дар ҳамин раҳнамои зиндагии озоду демократии халқамон зикр гардидааст кору фаъолият намоянд. Имрӯз дар ҷаҳони муосир бар асари ҷангҳои давомдор, бархӯрди тамаддунҳо ҳуқуқҳои аксарияти шаҳрвандон поймол гардида, тамоми сохторҳои давлатдории онҳо фалаҷ гардидааст.
Бо ҳамин мақсад рӯзи 5- уми ноябри соли ҷорӣ бо ибтикори Шуъбаи тарбия дар якҷоягӣ бо кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ дар толори китобхонаи шаҳраки “Шифобахш” конфронси илмӣ- амалӣ доир карда шуд. Конфронс бо сухани муқаддимавии сардори Шуъбаи тарбия Абдураҳмонов З.В оғоз гардида, сипас омӯзгори кафедраи номбурда Сафарова М.Ҷ дар мавзӯи “Конститутсияи ҶТ- санади сарнавиштсози миллат” баромад намуданд. Донишҷӯён Шарипов А дар мавзӯи “Ҳуқуқи шахс ба таҳсил ва дарҷи он дар Конститутсияи ҶТ”, Наимова Н дар мавзӯи “Маҷмӯи арзишҳои эътирофшудаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Конститутсияи ҶТ” ва Бобоева С дар мавзӯи “Конститутсия – шиносномаи миллат” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Конфронс бо садо додани суруди миллӣ ба кори худ анҷом бахшид.
Шуъбаи тарбия