Санҷиши ҳуҷҷатгузории корҳои тарбиявӣ

Санҷиши ҳуҷҷатгузории корҳои тарбиявӣ

Рӯзҳои 8 – 9 - уми феврали соли ҷорӣ муовинони декани факултети тиббӣ - Раҳимова Д.С. ва Бурҳонова З.У. аз кафедраҳои биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика, ҷомеашиносӣ, забони тоҷикӣ, забони русӣ, забонҳои хориҷӣ ва гистология дидан намуданд. Ҳадафи ташриф аз ба қайд гирифтани давомоти донишҷӯёни курси 1-уми факултет ва санҷиши коргузории ҳуҷҷатҳои корҳои тарбиявии кафедраҳо иборат буд.

Дар ҷараёни санҷиши ҳуҷҷатгузории корҳои тарбиявӣ муовини декани факултет оиди тарбия Бурҳонова З.У. таъкид намуд, ки бо тағйир ёфтани ҷадвали дарсӣ – дарсҳои тарбиявиро низ аз рӯйи нақша ба тартиб дароварда, ба деканат пешкаш намоянд.

        Ҷ.Қ. Муҳаббатов, декани факултети тиббӣ, д.и.т., профессор       

                                                    


18.02.2019 407