Санҷиш дар доираи дастуру супоришҳо Ректори донишгоҳ, муҳтарам Гулзода М.Қ. оид ба риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорон, дуруст ба роҳ мондани корҳои профилактикӣ ва риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар кафедраю синфхон
Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани вазъи таълиму тарбия дар муассиса раёсати донишгоҳ мунтазам саъю кушиши ҳадафрас ба анҷом мерасонад.
Дар робита ба дастуру супоришҳои Ректори донишгоҳ оид ба риояи қатъии гигиенаи шахсӣ, гигиенаи ҷамъиятӣ, талаботҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавируси COVID-19 ва риояи ҳатмии дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои донишҷӯён ва муаллимони макотиби олӣ санаи 22.09.2020 аз ҷониби мутахассиси Шуъбаи фарҳанг Сулаймонова Н.С. дар якҷоягӣ бо мутахассиси Шуъбаи тарбия Мирзои Саид ва муовини декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У. кафедраҳои забони тоҷикӣ, анатомияи одам ва терминологияи лотинӣ ба номи Я.А. Раҳимов, гистология ва химияи биоорганикӣ зери санҷиш қарор гирифт. Дар рафти санҷиш бештар ба ҳолати иштироки донишҷӯён ба дарсҳо, сару либоси онҳо, риояи қатъии гигиенаи шахсӣ, гигиенаи ҷамъиятӣ, талаботҳои зиддиэпидемикӣ дар синфхонаҳо ва кафедраҳо диққат дода шуд.
Дар баробари санҷиши кафедраҳои зикр гардида, синфхонаҳо низ дида баромада шуд. Ҳамаи донишҷӯён бо ниқобҳои худмуҳофизатӣ ва антисептикҳо дар дарсҳо иштирок менамуданд. Дастурамали либосҳои тавсиявӣ низ аз ҷониби донишҷӯён дуруст ба роҳ монда шуда аст.
Пас аз дида баромадани синфхонаҳо дар хонаҳои муаллимон бо омӯзгорони кафедраҳо суҳбату машваратҳо роҷеъ ба тарзи дуруст ба роҳ мондани меъёри ҳуҷҷатнигорӣ ва иҷроиши соатҳои тарбиявӣ, боз ҳам ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус дар рафти дарсҳо баргузор гардид.
Шуъбаи фарҳанг