Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз
25.01 соли 2020 дар Маҷмааи нави таълимии «Шифобахш» бахшида ба ҷашни қадимаи мардуми ориёинажод-Сада ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор шуд. Ҷамъомадро муовини ректор оид ба таълим д.и.т., профессор Ибодов С.Т. оғоз бахшида, ҳозиринро аз номи Раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино» бо фарорасии ҷашни қадимаи мардуми ориёинажод-Сада табрик намуд.
Профессор Ибодов С.Т. оид ба таърихи ҷашни қадимаи мардуми ориёинажод маълумот дода қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон чанд сол муқаддам ҳангоми нахустин бор таҷлили ҷашни Меҳргон ишора карданд, ки: « … барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад». Ҳар як халќу миллат пеш аз њама ба забон, фарњанг ва оину суннатњои ниёгонаш марбут аст. Ва хушбахтона, баъди расидан ба истиқлолият ва озодӣ дар кишварамон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур ва таҷлили баъзеашон манъ гардида буд. Ќисми дигарашон бошад ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, танҳо дар хотираи таърихиву фарҳангии халқамон боқӣ монда буданду халос. Ҳатто таърихи халқи тоҷик мукаммал омӯхта намешуд, қисми зиёди одамон дар бораи қавму қабилаҳои ориёӣ, шоҳони пешин, давраҳои тиллоии давлати тоҷикон, муборизаҳои фидокоронаи фарзандони ин кишвари номвар ба муқобили аҷнабиён ва даҳҳо ҳодисаву рӯйдодҳои дигари гузашта маълумот надоштанд.
Бо шарофати истиқлолият ва ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани шахсияти ватанхоҳу ватандӯст ва худогоҳу худшинос, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳувияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, инчунин муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ба ҷойи аввал баромад. Бо таълифи асари бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забон – ҳастии миллат» ва китобу мақолаҳои зиёди муҳими хусусияти ватандӯстона дошта, Пешвои миллат исбот намуданд, ки халқи тоҷик таърихи ниҳоят куҳан дорад ва фарзандони баномус ва бузурге дар ин сарзамин умр ба сар бурдаанд, ки номашон на танҳо дар оинаи таърих, балки офаридаҳояшон барои башарият хидмат намудаанд. Дар баробари ин, Сарвари давлат ба мероси маънавии суннатии шоистаи мардум баҳои баланд дода, омӯзиш ва тарғиби ин осори гаронбаҳоро вазифаи ҳар як фарди бедордил дониста, доимо даъват ба амал меоваранд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги пешиниёнро насли имрӯза дуруст аз бар намоянд. Боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути асарҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шоистаашон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ–Наврӯз, Меҳргон ва Сада хоса мебошад. Умед дорем, ки ҷашни Сада низ ба сифати як ҷашни миллию мардумӣ на танҳо барои дилхушиву зиёфат баргузор мешавад, балки мададгори кишоварзон шуда, барои рушди боғдориву токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмӯъ, ободкорӣ мусоидат менамояд ва минбаъд боз ҳам густариш меёбад-таъкид намуд профессор Ибодов С.Т.
Оид ба таърихи пайдоиш ва ҷашнгирии ин оини ниёгон аз ҷониби устодони кафедраҳо маърӯзаҳо омода гардида, пешкаши ҳозирин карда шуд.
Дар охири ҷамъомад аз ҷониби дастаи ҳунарии “Шифо” барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ барои ҳозирин пешниҳод карда шуд.
Зимнан, Њукумати Љумњурии Тоҷикистон охирҳои моҳи октябри соли 2017 ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид кардааст, ки бар асоси он минбаъд иди Сада дар кишвар расман таҷлил карда мешавад.
Таибов С.А.-сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
Турсунова З.Г.-мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз
25.01.2020 1036

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php